Вақте ду нафар дар канори ҳам қарор мегиранд ва ҳамсар мешаванд, баъзе аз вазифаҳое вуҷуд дорад, ки байни инҳо муштарак аст ва бояд ҳамкорӣ ва тақсими кор кунанд. Бахше аз корҳоро зан ва бахшеро мард анҷом диҳад. Агар шавҳар мушкиле дорад, зан бо ӯ бисозад, зан агар дар хона ё муҳити кор душворӣ дорад, шавҳар ба ӯ кӯмак кунад. Худро дар сарнавишти ҳамсар бояд шарик бидонад ва барои ризои Худои Мутаол кӯмак кунад. Ин равише аст, ки Паёмбари Акрам (с), дар зиндагӣ худ амалан доштанд.