Ду ҷавони азизи мо бо ҳадафи муштараки такомули моддӣ ва маънавӣ ва бо сармояи ишқи Худододӣ, барои оғози зиндагии нави хеш омода ва муҳайё мешаванд. Худои Ҳаким, зану шавҳарро мукаммили якдигар қарор додааст. Ва мутаносиб бо ниёзҳои гуногуни майдони зиндагии мутафовит ва гуногун офаридааст. Дар шаклгирии як хонаводаи боланда ва муваффақ ва як зиндагии ширин, “ҳунари тақсими кор” аз аҳамияти болое бархурдор аст. Ҳар кадом бореро мутаносиб бо тавоноии худ бардоранд ва зимни аҳамият додан ба нақши худ ба аҳамият ва ҳассосияти нақши ҳамсараш ҳам имон дошта бошанд ва кореро, ки бар ӯҳда мегиранд, бо тамоми тавони худ ва бо хостаҳо ва ҳавсала ва сабри фаровон анҷом диҳанд ва ҳамзамон бо ҳамсари худ дар таҳаққуқ ва иҷрошудани нақши хосси ӯ ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ намоянд.
Дар наҳваи тақсими кор ва нақши махсуси бонуи хона дар идораи умури дохилӣ ва дараҷаи аҳамияти он ва низ фаъолият ва кори беруни манзил дидгоҳҳои мутафовит ва саволҳои бисёре вуҷуд дорад. Барои ҷавоби баъзе ин суолҳо бояд сабр кард ва барои ҷавоби баъзе дигараш ниёз ба мутолиа ва пурсидани роҳнамои аз олимон ва огоҳони бо таҷриба ки дар зиндагӣ хеш муваффақ ҳастанд, ниёз аст.