Oilaa 001

Бузургтарҳо ҷавонҳоро дар роҳ ва равиши зиндагӣ роҳнамоӣ ва кунанд, аммо дар ҷузиёти умури зиндагӣ онҳо набояд хеле дахолат кард, ки зиндагӣ барои онҳо мушкил шавад.

Мабодо баъзе бо дахолат, камзарфиятӣ ва рафтори бачагонаи худашон, ин бинои навташкиро ба андак чизҳои камарзиш ва расму русумоти ботил мутазалзил кунанд. Агар диданд дахолатҳои онҳо зану шавҳарро нисбати ҳам бадбин мекунад, дигар ба худ иҷоза надиҳанд дахолат кунанд.

Мабодо пеши яке биёянд ва аз он дигарӣ бадгӯӣ кунанд, чизе бигӯянд, ки сабаби нороҳатӣ шавад, балки бояд саъй кунанд, ки ин дуро бештар ба ҳам наздик намоянд. Миёни инҳо улфат ва меҳрубони эҷод кунанд. Бо ахлоқ ва сифатҳои бахшиш ва гузашт онҳоро зиннат диҳанд.

Волидайни духтару писар нақши зиёде дар мустаҳкамкардани оила ва эҷоди муҳаббат байни онҳо ва хешу табор доранд, аз ин рӯ бояд доим ҳиммат ва қасд ва нияташон ин бошад, ки муҳаббати инро ба дигарӣ бештар кунанд. Агар аз тарафи муқобил чизе диданд, ки барояшон хушоянд набуд, зуд ва беҳисоб онро барои фарзанди худашон нагӯянд. Бигузоранд ин дуто рӯз ба рӯз бо якдигар одат кунанд ва ошно шаванд ва маънустар ва бомуҳаббаттар нисбат ба ҳамдигар шаванд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст