Муҳаббат сармояе аст, ки дар аввали издивоҷ Худои Мутаол ба духтару писар ҳадя мекунад. Ба якдигар муҳаббат пайдо мекунанд ва бояд инро нигоҳ доранд. Муҳаббати ҳамсар, ба шумо ва амали шумо вобаста аст, аз ин рӯ барои ҳифзу афзоиши он рафтори худро муҳаббатомез кунед. Ба ҷои эродгирӣ ва зиёдахоҳӣ вафодорӣ, амонат ва сафо нишон бидиҳед. Таваққуоти беҷо накунед ва тавақуоти худро хеле боло набаред, ҳамкорӣ ва изҳори муҳаббат кунед, инҳо муҳаббат эҷод мекунад. Ҳарду нисбат ба ҳам ин вазифаҳоро доранд.
Эътимод як амри қарордодӣ нест, ки биё ман ба ту эътимод кунам, ту ба ман эътимод кун. Ин тавр нест. Эътимодро бояд ҷалб кард. Бо амал, ахлоқ, риояти ҳуқуқ ва ҳудуд ва мавозини шаръӣ. Беэътимодӣ пояи ва асли муҳаббатро аз байн мебарад. Нагузоред ин беэътимодӣ ба вуҷуд биёяд. Эҳсоси бевафоӣ муҳаббатро мехурад ва аз байн мебарад.