muhabbat 01

Орзу, ишқ ва эҳсосот дар зиндагии инсон нақши асосӣ доранд ва метавонанд зербинои бисёр мустаҳкам барои хонавода бошанд. Инро чигуна бояд танзим кард? Зану шавҳар бояд ҷойгоҳи худро бишиносанд. Шавҳар ба занаш ва зан ба шавҳараш нигоҳи муҳаббатомез ва ошиқона дошта бошад ва аз ин ишқ муҳофизат кунанд, чунки мисли чизҳои дигар мумкин аст аз байн биравад. Агар дар зиндагӣ муҳаббат вуҷуд дошт, сахтиҳои беруни хона осон хоҳад шуд. Барои зан ҳам сахтиҳои дохили хона осон мешавад. Ин муҳаббатро, ки Худо дар дили шумо қарор додааст, ҳифз кунед. Муҳаббат хонаводаро пойдор ва аъзои хонаводаро ба ҳамдигар вафодор ва хушбахт нигаҳ медорад ва аз хиёнат пешгирӣ мекунад. Омили муҳаббат ҳам ба пул ва ташрифот ва ин чизҳо вобаста нест. Муҳаббати зану шавҳар ҷузъи муҳаббатҳои Худоӣ ва лозим аст. Ҳарчи бештар шавад беҳтар аст, чунки аз муҳаббат хорҳо гул мешавад. Агар чизи нохушоянде ҳам дар ҳамсар вуҷуд дошта бошад ранг мебозад ва ноҳамвориҳо ҳамвор мешавад.

Муҳаббат дастурӣ ва супоришӣ нест

Муҳаббат дастурӣ, фармоишӣ ва супоришӣ нест. Дар дасти худи шумост. Шумо метавонед муҳаббати худро рӯз ба рӯз дар дили ҳамсаратон зиёд кунед. Чӣ тавр? Бо ахлоқу рафтори хубу муносиб, бо муҳаббат ва вафодорӣ. Пас зану шавҳар бояд барои эҷод, ҳифз ва афзоиши муҳаббат талош ва ибтикор кунанд.

Муҳаббат дар сурате мемонад, ки ду тараф ҳуқуқи якдигар ва ҳудуди худро риоят кунанд ва аз он таҷовуз накунанд. Муҳаббатро бо нуфузи маънавӣ, иртибот ва пайванди қалбӣ ҳифз кунед. Ҳуқуқи исломӣ барои эҷод ва мустаҳкам кардани ин пайванд аст.

Агар бихоҳед ин муҳаббат боқӣ бимонад, ба ҷои ин ки аз тарафи муқобилатон интизор дошта бошед, ки ӯ мураттаб ба шумо муҳаббат кунад аз дили худатон бихоҳед, ки таровиши муҳаббати ӯ рӯз ба рӯз бештар шавад. Муҳаббати табиӣ муҳаббат меофаринад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст