Ташкили хонавода дар нигоҳи Худованд, яъне хайма задан дар канори чашмаи “маваддат” ва маваддат яъне муҳаббати амиқ, ботароват, ошкор ва пур сарусадо.
“و جعل بینکم مودة و رحمة” (Рум/22)
Сарманшаи ин чашмаи ҷушон, уқёнуси бе соҳили меҳри Илоҳӣ аст. Худои Раҳмони Раҳим ва Рауфи Латиф, ба иродаи ҳакимонаи худ, ҷазабае аз ин шуълаи осмониро миёни завҷи ҷавоне қарор медиҳад то аз оинаи наздик ва ба мадади андешаи бодавом, ҳар як ба тамошои нишонаи барҷаста аз оятҳои ҷамол ва лутфи Илоҳӣ бинишинем. Ва аз дасти ёри хеш ҷоми меҳри Илоҳӣ бигиранд ва комёб шаванд.
“ان فی ذالک لأیة لقوم یتفکرون”(Рум/22)
Ин муҳаббат, гиреҳе аст, ки Худованд ба лутфи хеш байни ду қалби ҷавон меандозад ва маҳрияи аршии як пайванди мондагор ва ботароват аст. Сармояе аст, ки агар ҳифз шавад, зиндагиро ҳифз мекунад. Ва агар ба кор афтад, онро равнақ мебахшад. Талхиҳоро ширин ва сахтиҳоро осон мекунад. Ва агар ба шоистагӣ ин неъмати бузург сипосгузорӣ шавад, роҳи дастёбӣ ба комёбии муҳаббати Илоҳиро ҳамвор месозанд.
Зану шавҳар бо ин дастмояи пураҷр метавонанд ба орзуҳои худ бирасанд ва биҳишти ваъдашудаи Илоҳиро дар рӯи замин таҷриба кунанд. Ба шарти он, ки қадрашро бидонанд ва бо ҳунармандӣ аз осебҳо нигоҳдорӣ кунанд. Чигуна? Бо раҳнамуди “пири меҳр“ беҳтарин роҳнамо барои ошиқони ҷавон аст.