khanvade 4

Ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ ин аст, ки якдигарро дар роҳи Худо ҳифз кунед. Тавсия ба сабр ва тавсия ба ҳақ кунед. Агар хонуми хона бинад, ки шавҳараш дучори инҳирофе мешавад, масалан дар як муомилаи ғайришаъи қарор мегирад, дар як ҷараёни ғалате меафтад, дар рафиқбозиҳои носолим меафтад аввал касе, ки бояд шавҳарро ҳифз кунад, ҳамсари ӯ аст, агар мутақобилан мард ин эҳсосҳоро ба дар бораи занаш кард, аввалин касе, ки бояд занро ҳифз кунад худи ӯст. Албатта ҳифз кардани ҳам, бо муҳаббат ва бо забони хуш ва бо мантиқ ва бархурди мудаббирона ва ҳакимона ҳосил мешавад на бо бадахлоқӣ, қаҳр ва монанди он. Яъне ҳар ду муроқиб ва ҳушёр бошанд то якдигарро дар роҳи Худо ҳифз кунанд.

Бо ҳам ҳамкорӣ кунед, ба ҳам кӯмак кунед хусусан дар амри дин. Агар мебинед шавҳар ё зани шумо намозро сабук мешуморад, ба намоз, ростгӯӣ ва моли мардум ва кор кам аҳамият медиҳад, ӯро бедор кунед, ба ӯ бигуед, бифаҳмонед ва кӯмак кунед, ки худашро ислоҳ кунад ё агар мебинед, ки дар масъалаи маҳраму номаҳрам, покӣ ва наҷосат, ҳалолу ҳаром одами беэътино ва бемуболот аст, ба ӯ тазаккур бидиҳед, огоҳ ва кӯмак кунед, то инки хуб ҳатто беҳтар шавад. Дуруғгӯ ва ғайбаткун аст, ба ӯ зарар ва зиёни ин корро бифаҳмонед. Бо ҳам даъво ва бадахлоқӣ накунед, балки ғамхори ҳам бошед.

Ин мувозибат ва ҳушёри ҳам ба маънои посбонӣ ва дидабонӣ нест. Ин як муроқибати ахлоқӣ, меҳрубонона ва парасторона аст. Ҳар кадом нисбат ба ҳам вазифадор ҳастед. Бояд ҳиммати худро ҷамъ кунед. Зану мард метавонанд бар рӯи ҳам таъсири сад дар сад бигузоранд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст