Хушбахтӣ иборат аст аз оромиш, эҳсоси саодат ва амният. Аммо исроф дар ҷашну зиёдаравӣ ва ҷаҳизияи зиёд, ба танҳои касеро хушбахт намекунад. Аммо бо побандии ба равиши шариати Ислом инсонро қатъан хушбахт ва саодатманд мекунад.
Ҳамдигарро биҳиштӣ кунед!Издивоҷ ва интихоби ҳамсар, ҳатман дар сарнавишти инсон таъсири асоси дорад. Мардони зиёде ҳастанд, ки занҳояшонро биҳиштӣ мекунанд. Баръакси он ҳам ҳаст. Агар зану шавҳар қадри ин конуни хонаводаро бидонанд ва барои он аҳамият қоил бошанд, зиндагӣ амн ва осуда ва ширин хоҳад шуд ва камоли башарӣ барои зан ва шавҳар дар сояи издивоҷи хуб муяссар хоҳад шуд.
Гоҳе мард дар фаъолиятҳои зиндагӣ сари дуроҳӣ мерасад. Бояд ё дунёро ва ё роҳи саҳеҳ ва амонату садоқатро интихоб кунад, яке аз ин дуторо. Инҷост, ки зан метавонад ӯро ба роҳи аввал ё ба роҳи дувум бикашонад. Мутақобилан, тарафи акси он ҳам ҳаст. Шавҳарҳо ҳам дар мавриди ҳамсарашон метавонанд ин таъсирро дошта бошанд. Саъй кунед ингуна бошед. Ҳар ду кушиш кунед, ки якдигарро диндор, дар роҳи Худо, Ислом, ҳақиқат, амонат ва садоқат, нигоҳ доред ва монеъ аз инҳироф ва лағзиш як дигар шавед.
Дар даврони бисёр душвори солҳои муборизаи ҳақ зидди ботил ва ҳамчунин солҳои сахти, хеле аз занҳо шавҳарони худро бо сабру ҳамкорӣ биҳиштӣ карданд. Мардҳо ба ҷабҳаҳои гуногун рафтанд ва хатаротро мутаҳаммил шуданд. Ин занҳо дар хонаҳо ларзиданд ва дучори танҳоӣ ва ғурбат гаштанд, аммо забон ба шиква боз накарданд, балки шавҳарони худро ташвиқ ҳам карданд. Инҳо шавҳарони худро биҳиштӣ карданд вагарна метавонистанд коре кунанд, ки шавҳаронашон аз рафтан ба ҷабҳа ва аз вуруд дар майдони мубориза, аз идомаи мубориза пушаймон шаванд. Метавонистанд ин тавр амал кунанд, вале накарданд. Бесабрӣ нишон надоданд. Шавҳароне ҳам буданд, ки ҳамсаронашонро биҳиштӣ карданд. Ҳидоят, ҳамкорӣ, дастгирӣ ва кӯмаки онҳо сабаб шуд, ки ин занҳо битавонанд дар роҳи Худо ҳаракат кунанд. Баръакси онро ҳам доштаем. Занҳое буданд, ки шавҳарони худро аҳли ҷаҳанам(дузах) карданд ва мардҳое ҳам буданд, ки занҳои худро ҷаҳаннамӣ карданд. Метавонед бо ҳам ҳамкорӣ кунед, ҳамдигарро аҳли биҳишт ва саодат кунед ва дар таҳсили илму камол, парҳезкориву тақво ва содазистӣ кӯмак кунед. Он вақт зиндагӣ бобаракат ва ширин хоҳад шуд.
Инсон бо роҳнамоӣ, тазаккури дилсӯзона ва баҷо, бо монеъ шудан аз зиёдаравӣ ва каҷравиҳои ҳамсараш, метавонад ӯро аҳли биҳишт кунад. Албатта акси он ҳам ҳаст. Бо афзунталабиҳо, бо таваққуот(хостаҳои беҷо) ва бо равишҳои ғалате, ки вуҷуд дорад, метавонад оилаи худро ноам, зинагии худро талх ва оила ва ҳамсари худро ҷаҳаннамӣ кунад.