Қуръон ва ба иборати дигар ислом, барномае барои ин ҷиҳат аз зиндагӣ башар дорад. (Ҳамон тавр, ки дар дигар масъалаҳо нигоҳи ҷомеъ дорад) масъалае ки аз як сӯ, таваллуд ва идомаи башар дар он қарор дорад ва аз сӯи дигар ниёзи ғаризи инсонро таъмин мекунад ва аз сӯе низ аввалин ва маҳимтарин конуни ҷомеаро ташкил медиҳад ва аввалин ҳалқаи тарбияти ҳам ҳаст.
Оёте ки ба издивоҷ тарғиб ва ташвиқ мекунад, оёте ки ҳуқуқи зану шавҳарро баён мекунад, оёте ки марбут ба фарзандон аст, оёте ки офатҳои хонаводаро мавриди барраси қарор медиҳад ва роҳкорҳои ҳалли ин масъаларо баён мекунад ва ... бо якдигар иртибот доранд.
Издивоҷ дар Қуръон бисёр мавриди тарғиб ва ташвиқ қарор гирифта аст:
وَ أَنْكِحُوا الْأَیامى مِنْكُمْ وَ الصَّالِحِینَ مِنْ عِبادِكُمْ وَ إِمائِكُمْ إِنْ یَكُونُوا فُقَراءَ یُغْنِهِمُ اللَّهُ مِنْ فَضْلِهِ وَ اللَّهُ واسِعٌ عَلِیمٌ
“Мардон ва занони беҳамсари худро ҳамсар диҳед ва ҳамчунин ғуломон ва канизонро, агар фақир ва тангдаст бошанд, Худованд аз фазли худ ононро бениёз месозад Худованд гушоишдиҳанда ва огоҳ аст.” Сураи Нур ояти 32.
وَ مِنْ آیاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْواجاً لِتَسْكُنُوا إِلَیْها وَ جَعَلَ بَیْنَكُمْ مَوَدَّةً وَ رَحْمَةً إِنَّ فِى ذلِكَ لَآیاتٍ لِقَوْمٍ یَتَفَكَّرُونَ
“Ва аз нишонаҳои ӯ ин аст, ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид то дар канори онон оромиш ёбед ва дар миёнатон маваддат ва раҳмат қарор дод. дар ин нишонаҳое аст барои гуруҳе, ки тафаккур мекунанд.” Сураи Рум ояти 21.
وَ إِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تُقْسِطُوا فِى الْیَتامى فَانْكِحُوا ما طابَ لَكُمْ مِنَ النِّساءِ مَثْنى وَ ثُلاثَ وَ رُباعَ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلَّا تَعْدِلُوا فَواحِدَةً أَوْ ما مَلَكَتْ أَیْمانُكُمْ ذلِكَ أَدْنى أَلَّا تَعُولُوا
“Ва агар метарсед, ки (ба ҳангоми издивоҷ бо духтарони ятим) адолатро риоят накунед (аз издивоҷ бо онон чашмпуши кунед ва) бо занони поки (дигар) издивоҷ кунед ду ё се ё чаҳор ҳамсар ва агар метарсед адолатро (дар бораи ҳамсарон) риоят накунед, танҳо як ҳамсар бигиред ва ё аз заноне ки молики онҳоед, истифода кунед. Ин кор аз зулм ва ситам пешгири мекунад.” Сураи Нисо ояти 3.
Ҳамчунин ҳадисҳои зиёде низ дар бораи издивоҷ омада аст чунонки аз Пайғамбари Акрам(с) нақл шуда аст: “Ҳар кас издивоҷ кунад, ба дурусти ки аз нисфи динаш посдори карда аст.”
Ё инки он ҳазрат фармудаанд: ما بنى بناء فى الاسلام احب الى الله عز و جل من التزویج
“Ҳеч биное дар ислом маҳбубтар аз издивоҷ, назди Худованд бино нашуда аст.”
Аз ин оёт ва ҳадисҳо ба хуби ошкор мешавад, ки нигоҳи ислом нисбат ба издивоҷ нигоҳи воқеъбинона ба масъала аст ва бар ин амр таъкиди фаровон дорад.