Чанд рӯзе аз оғози зиндагии муштараки ҳазрати Алӣ(к) ва ҳазрати Фотима(с) мегузашт. Пайғамбари Акрам(с) назари Алиро дар бораи ҳамсараш ҷӯё шуд. Алиҷон, Фотимаро чигуна ҳамсаре ёфтӣ?
Ҳазрати Алӣ(к) ҳам бо каломе, ки ҳикоят аз авҷи шукру сипоси ӯ дошт, назари худро дар бораи ишқи ҷовидонияш ингуна хулоса кард: Сарварам, ӯ беҳтарин ёвар дар анҷоми тоати Парвардигор аст. Ва бадин сон беҳтарин домоди олам аз сирри ишқи Илоҳии хеш парда мебардорад ва роҳи саодати
абадиро дар зиндагии муштарак ба ҳамаи арусҳо ва домодҳо нишон медиҳад. Яъне эй домодҳои Аливор ва эй арусҳои Фотимагуна! Дасти якдигарро ба хотири Худованд ва барои анҷоми тоати ӯ бигиред ва то биҳишти ризвони Худои Меҳрубон ҳамсафар бошед! Вақт кам аст, дунё барои ҳама зуд мегузарад. Ба ҳамин маҷлиси ақду никоҳ нигоҳ кунед. Падарон ва модарони азизи шумо, домодҳо ва арусҳои “дирӯз”‑и начандон дур ҳастанд. Ва “фардо”‑и наздик, шумо ҳастед, ки дар маҷлиси ақду издивоҷи фарзандонатон ширкат мекунед. Ва ин яъне гузари зуди абри фурсатҳо аз осмони зиндагӣ аст.
Он чи зиндагӣ ва пайванди дунёии шуморо ба зиндагии ҳамешагӣ дар партави хуршеди меҳри Илоҳӣ васл мекунад, танҳо ва танҳо ”тақво” ва “тоати Ҳақ” аст. Дар тақвияти имони ҳам бикушед ва аз дасти якдигар ҷоми зикр бинушед ва дар баробари ҳамалоти шайтон сипари ҳам бошед ва дар анҷоми вазоифи динӣ мушаввиқ ва ёри якдигар! Чигуна? Пири роҳу воқифи сирри ишқ мегӯяд, ки чеҳраи осмонияш ёди ҳақро меҳмони дилҳоямон мекунад.