Вазифаи мард аст, ки заруратҳои занро дарк кунад, эҳсосоти ӯро бифаҳмад, аз ҳоли ӯ ғофил набошад ва худро соҳибихтиёри мутлақи ӯ дар хона надонад.
Мард бояд ба зан кӯмак кунад то ақибмондагиҳоеро, ки дар ҷомеа доранд, ҷуброн кунанд. Албатта мақсад аз ин ақибмондагиҳо, он чизҳое нест, ки имрӯз бо пайравӣ аз фарангиҳо дар ҷомеаи мо матраҳ мешавад, балки мақсад ин аст, ки ҳарчи мард битавонад бояд дар ин замина ба ҳамсараш кӯмак кунад. Агар зан мехоҳад коре анҷом бидиҳад ё дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ саҳим бошад, дар ҳадди иқтисодӣ вазъи зиндагии хонаводагӣ, монеъ ӯ нашавад.
Мард набояд хаёл кунад, ки чун дар кӯча ва бозор ва бо ину он сарукалла мезанад ва пул меоварад ҳама чиз моли ӯ аст; на! Ончи ӯ меорад ниме аз мавҷудии ҳамаи ин хона аст. Ними дигари ин хона зан аст. Бояд ихтиёрот, кадбонуӣ, назар ва ниёзҳои рӯҳии хонумро риоят кунад. Ин тавр набошад, ки мард чун дар даврони безанӣ, соати даҳи шаб ба хонаи падару модараш меомад, ҳоло ҳам, ки зан гирифтааст ин тавр идома бидиҳад, на! Ҳоло бояд мулоҳизаи ҳамсарашро бикунад.
Дар қадим баъзе мардҳо худро молики зан медонистанд... на! Ҳамон қадре, ки шумо дар муҳити хонавода ҳақ доред ӯ ҳам ҳақ дорад. Набояд чун ҷисми зан заифтар аст ба ӯ зур бигӯед ва таҳмил кунед, баъзе хаёл мекунанд, ки бале, бояд зур бигӯянд, садояшонро ғавс ва даъво ва назарашонро таҳмил кунанд...
Зани ҳушманд мардро идора мекунад
Зан бояд заруратҳои мардро дарк кунад ва бар ӯ фишори рӯҳӣ ва ахлоқӣ ворид насозад. Коре накунад, ки ӯ дар амри зиндагӣ ночор шавад ва Худое нокарда ба корҳои хилоф ва нодуруст даст бизанад. Бояд ӯро ба пойдорӣ дар майдонҳои зиндагӣ ташвиқ кунад ва агар чунончи лозимаи кори ӯ ин аст, ки наметавонад як миқдор ба вазъи хонавода расидагӣ кунад, инро мураттаб ба рухи ӯ накашад ва баракс талош кунад, ки ӯро дарк кунад.
Агар марди хона фаъолиятҳое монанди илмӣ, созандагӣ барои касби рӯзӣ ва корҳои умумӣ дорад, зан саъй кунад фазои хонаро барои ӯ мусоид кунад, то ӯ битавонад бо рӯҳияи хуб сари кор биравад ва бо шавқ ба хона баргардад.
Ҳамаи мардҳо дӯст доранд, ки вақте вориди хона шуданд, хона ба онҳо оромишу амният бидиҳад ва эҳсоси роҳатӣ ва осудагӣ кунанд. Ин вазифаи зан аст.
Зан як вазифае дорад, ки оқилона бояд он вазифаро ташхис диҳад. Ҳарчанд мард ҳайкали қавитар дорад, вале агар зану мард, табиӣ ва солим бошанд ва зан оқил бошад, касе, ки дар дигарӣ бештар нуфуз дорад, зан аст. Албатта зан бояд бидонад, ки бо мулоимат, истиқболи хуб, хушрӯӣ ва таҳаммул метавонад дар шавҳараш таъсир гузорад ва дили ӯро ба даст оварад. Худои Мутаол дар табиати зан ин таҳаммулро қарор додааст. Зан бояд ин тавр бошад.
Баъзе занҳо ба мардҳо сахтгирӣ мекунанд. Масалан бояд инро ҳатман бихарӣ! Бояд ҳатман ин тавр хонае фароҳам кунӣ! Фалон кас ин тавр харидааст, ман агар нахарам мояи саршикастагӣ мешавад. Бо ин суханҳо шавҳари худро азият ва озор медиҳад, ки ин дуруст нест. Ин кор хато аст ва мумукин аст ки сабаби вайроншави ва аз ҳампошидани оила мешавад.