Ҳақ як маншаи табиӣ дорад. Ҳаққи воқеӣ он аст, ки маншаи табиӣ дошта бошад. Ин ҳуқуқе, ки дар баъзе маҳофил баён мешавад, бар асоси таваҳҳумот ва хаёлот аст. Он ҳуқуқе, ки барои зану мард вуҷуд дорад, бояд муттакӣ ба табиат ва хилқати зану мард бошад.
Ин феменистҳои(мудофиони ҳаққи зан) имрӯз, ки ҳар навъ мард ва зан дар онҳо ҳаст ва бо иддаои дифоъ аз ҳуқуқи зан ворид мешаванд, аслан ба назари ман ҳуқуқи занро намешиносанд. Чун як амри интизоӣ нест. Ҳақ як маншаи табиӣ дорад...
Ин ғарбиҳо, ки мебинед ин қадар ҷанҷол мекунанд ва бо масъалаи зан ин қадар бозӣ мегиранд, хеле гирифторанд. Мегӯянд: Мо эҳтироми занро нигоҳ медорем. Бале, эҳтироми занро дар маҷлисҳои расмӣ ва дар фурушгоҳҳо ва хиёбонҳо нигоҳ медоранд он ҳам барои лаззат бурдан аз ӯ, аммо оё дар хонавода ҳам шавҳар бо занаш ҳамин тавр аст? Чӣ қадар занозорӣ, латукуб кардани кӯдак ба дасти мардҳо, чи қадар фоҷиаофаринӣ дар хона ва ... ба чашм мехурад ва оморҳо нишон медиҳад.