zan va mard

Навъи нигоҳи зан ба мард бо нигоҳи мард ба зан ба таври табиӣ фарқ дорад. Бояд ҳам фарқ дошта бошад, эроде ҳам надорад. Мард ба зан ба сурати як улгуи зебоӣ, зарофат, ҳассосият ва латофат нигоҳ мекунад ва ӯро латиф мебинад. Ислом ҳам ҳаминро таъкид кардааст: «اَلمَرأَةُ رَیحانَةٌ» яъне зан улгу аст.

Мард дар чашми зан мазҳари эътимод ва такягоҳ аст ва муҳаббати худашро ба ӯ дар ин қолаб тарсим таҷасум мекунад.

Ин дуто ду нақши ҷудогона аст ва ҳар ду нақш лозим аст. Зан вақте ба мард нигоҳ мекунад, бо ҳамон чашми муҳаббат ва ишқ, ӯро такягоҳе медонад, ки метавонад аз неруҳои ҷисмӣ ва фикрии ӯ барои пешбурди кори зиндагӣ истифода кунад. Мард вақте ба зан нигоҳ мекунад, ба чашми мазҳари унсу оромиш менигарад, ки метавонад ба инсон оромиш бидиҳад. Агар мард такягоҳ дар масоили зоҳирии зиндагӣ аст, зан ҳам маркази оромиши масоили руҳӣ ва маънавии зиндагӣ аст. Дарёе аз унсу муҳаббат аст. Зан метавонад дар ин фазои саршор аз муҳаббат мардро аз ҳамаи ғуссаҳо ва ғамҳои худаш хориҷ кунад. Инҳо тавоноиҳои ҷисми ва руҳии марду зан ҳастанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст