Худои Мутаол занро зариф ва латиф офаридааст. Баъзе аз ангуштҳо хеле бузург ва қавӣ ҳастанд ва барои кандани як санг аз замин хеле хуб ҳастанд, аммо агар бихоҳанд як ҷавоҳири хеле майдаро ламс кунанд, маълум нест битавонанд бардоранд. Аммо баъзе ангуштҳои зариф ва борик, он сангро наметавонанд бардоранд, аммо он ҷавоҳир ва тиллои майдаро метавонанд аз рӯи замин ҷамъ кунанд. Зану мард ин тавр ҳастанд. Ҳар кадом як масъулияте доранд. Намешавад гуфт, ки кадом як масъулияташ сангинтар аст. Масъулияти ҳардуяш сангин аст. Ҳарду лозимаи якдигар ҳастанд.
Рӯҳи зан чун латифтар аст, эҳтиёҷ ба оромиш ва осоиши бештар ва такя кардан ба як ҷои боваринок дорад. Ин такягоҳ кист? Ӯ шавҳар аст. Пас мард қивом ва таягоҳи мард аст ба фармоиши Қуръони Карим. Худо инҳоро ин тавр ниёзмати ҳамдигар дар канори ҳам қарор додааст.