Ин тавр ҳам нест, ки бигӯем: Ҳама ҷо зан бояд аз мард пайравӣ кунад. Ҳаргиз! Чунин чизе дар шариати Ислом надорем. “اَلرِّجالُ قَوّامُونَ عَلی النِّساءِ” маънояш ин нест, ки зан бояд дар ҳамаи корҳо тобеи шавҳар бошад. На! Мисли баъзе аз ин аврупонадидаҳои бадтар аз аврупоиҳо ва муқаллиди аврупо, намегӯем, ки зан бояд ҳамакора бошад ва мард бояд тобеъ бошад. На! Ин ҳам ғалат аст. Ҳамсарон дуто шарик ва дуто рафиқ ҳастанд. Як ҷо мард кутоҳ биёяд ва як ҷо зан кутоҳ биёяд. Яке инҷо аз салиқа ва хости худ бигузарад, дигаре дар ҷои дигар, то битавонанд бо ҳам зиндагӣ кунанд. Яке аз мелокҳои ки шариати Ислом ба мо додааст ин аст, ки зан дар итоати шаҳараш то ҳифзшудани усули динаш метавонад итоат кунад. Аммо чое ки шавҳараш дастур дод, ки хориҷ аз чоҳорчуби Ислом бошад, метавонад итоат накунад. Дар инҷо дигар иотаташ воҷиб нест. Ҳам чунин мард бо дархостҳои зан бо ин мелок ва чоҳорчуби Ислом, бояд ҳамкори ва амал кунад. Хоҳишҳо ва тақозоҳи ҳамсар дар чоҳорчуби дин ва шариат амали шавад хуб ва савоб ҳаст вале хориҷ аз ин чоҳорчуби дин ва шариат набояд итоат ва амали шавад.