Ислом мардро қаввом ва занро райҳона медонад. Ин беэҳтиромӣ ба зан ё мард ва нодида гирифтани ҳаққи онҳо нест, балки дуруст шинохтан ва друст фаҳмидани табиати онҳо аст. Тарозуи ҳар ду баробар аст; яъне вақте ҷинси латифу зебо ва омили оромишу ороиши маънавии муҳити зиндагиро дар як каффаи тарозу мегузорем ва ин ҷинси мудир ва коргар ва маҳалли эътимод ва такягоҳ барои занро ҳам дар каффаи дигари тарозу мегузорем, ин ду каффа бо ҳам баробар мешаванд. На он бар ин бартарӣ дорад ва на ин бар он. Ҳар кадом бояд нақши худро хуб бишиносад ва хуб амал кунад.
Ҷобаҷоии нақшҳои завҷайн мамнӯъ!
Баъзе аз маслакҳои ғалат, ки махсуси занҳо ҳам нест ‑ мардҳо ҳам гоҳе ҳамон маслакҳоро дунбол мекунанд ‑ дунболи ин ҳастанд, ки бигӯянд: Биёем нақшҳои зан ва мардро ҷо ба ҷо кунем. Ҳол агар ин корро бикунем чӣ мешавад? Ҷуз ин ки боиштибоҳ бӯстони неку ва зебои воқеиро хароб мекунед кори дигаре намешавад кард. Муҳити хонаводаро ҳам дучори беэътимодӣ, тардид ва дудилӣ мекунед ва он муҳаббату ишқеро, ки сармояи зиндагӣ аст, аз даст медиҳед.
Гоҳе иттифоқ меафтад, ки мард дар хона нақши занро пайдо мекунад. Зан ҳокими мутлақ мешавад ва ба мард дастур медиҳад, ки ин корро бикун, он корро накун. Мард ҳам дастбаста таслим аст. Хуб чунин мард дигар наметавонад такягоҳи зан бошад. Ҳақиқаи ва воқеият ин аст ки зан як такягоҳи хубро дӯст медорад.
Гоҳе мард чизҳоеро ба зан маҷбуран бор (таҳмил) мекунад. Фарз кунед, ки тамоми хариду кор ва сару калла задани муомиларо дар бозор ва мағоза бо хонум вогузор мекунад. Чаро? Чун ман(марди хона) кор дорам ва вақт надорам. Далелаш вақт надоштан аст! Мегӯяд, ки бояд идора равам ва корҳоро хонум анҷом диҳад. Яъне корҳои беҷозиба ва сангин барои зан. Албатта мумкин аст чанд рӯзе саргармаш кунад, аммо кори ӯ нест, зуд дилгир шуда ва зиндаги барояш хастакунанда мешавад. Лаззат ва хушии воқеии оиларо ба коми ӯ талх мекунад.