Бо иҷрои хутба ва ақди никоҳ ва қабули паймони издивоҷ, духтару писари дирӯз, зану шавҳари имрӯз мешаванд. Хонаводаи наве ташкил мешавад ва селули тоза дар пайкари ҷомеа мерӯяд. Гарчи дар нигоҳи Холиқи ҳаким, зану мард дар гавҳари инсонӣ ва рӯҳи осмонӣ ҳамто ва ҳамсонанд ва саҳми ҳар як аз ҳақиқати одамият ба як андоза аст, вале ҳикмати Илоҳӣ ингуна малакутеро дар ду садафи заминӣ бо пайкараҳои мутафовит ва сохти мумтоз ва албатта ниёзманд ба якдигар ҷой дода аст.
Ин “завҷият” ҳамон қонуни арзишманд ва суннати ҷомеъ ва зебое аст, ки бар саросари офариниши ин ҷаҳон ҳукмфармо аст ва яке аз бошукуҳтарин нишонаҳои ҷамоли меъмори ҳастӣ ба шумор меравад.
“Издивоҷ” яъне бо ҳам расидани ду сутун барои барафроштани бинои хонавода ва бо ҳам пайвастани ин ду кафа барои фароҳам омадани тарозуи зиндагии инсонӣ!
Ҳикмати тафовутҳои табиӣ ва ин ҷаҳонӣ дар сохти ҷисму равони зану мардро нақши мукаммили ҳар як барои ташкили ин воҳиди навин ‑яънехонавода‑метавонёфт.
Ба ростӣ нақши ҳар яке аз завҷайн дар сохтани хонавода чист? Нақши кадом як муҳимтар аст? Оё ҷои ҳар якро метавон бо дигарӣ иваз кард? Ҳуқуқи мутақобили онон чигуна аст? Ва саҳми ҳар як аз мавоҳиби зиндагӣ чӣ қадар аст? Зансолорӣ хуб аст ё мардсолорӣ ё ҳеҷ кадом?
Ва саволҳое аз ин қабил, ки ҷуз посухи устодона зеҳни нигарони арусу домоди ҷавонро орому осуда намекунад. Дар оғози роҳи зиндагӣ чашми умедашон ба суханони роҳкушои “роҳнамо ва муршид” аст, ки ошнои роҳ ва маҳрами дил аст!