Он касоне, ки мехоҳанд дар як кишвар ё ҷомеае нуфуз пайдо кунанд, фарҳанги он ҷомеаро дар мушти худ бигиранд ва фарҳанги худро ба онҳо таҳмил намоянд, яке аз корҳояшон, маъмулан мутазалзил ва суст ва беарзиш кардани бунёни хонавода аст. Ҳамчунон ки дар хеле аз кишварҳо мутаассифона ин корро анҷом додаанд. Мардҳоро бемасъулият ва занҳоро бадахлоқ кардаанд.Интиқоли фарҳангҳо ва тамаддунҳо ва ҳифзи усул ва аносири аслии як тамаддун ва фарҳанг дар ҷомеа ва интиқолаш ба инсонҳои баъд, ба баракати хонавода анҷом мешавад. Хонавода набошад, ҳама чиз муталошӣ мешавад. Ин ки мебинед ғарбиҳо дар дохил и кишварҳои исломӣ ва шарқӣ, ин ҳама саъй мекунанд шаҳватронӣ ва фасодро ривоҷ диҳанд, барои чист? Яке аз иллатҳои он ҳамин аст, ки мехоҳанд бо ин кор хонаводаҳоро муталошӣ кунанд то фарҳанги ин ҷомеа заиф шавад, то битавонанд бар ин миллатҳо савор шаванд ва нафъ бибаранд. Чун то фарҳанги як миллат суст заиф нашавад, касе наметавонад ӯро маҳор кунад ва дар ихтиёри худ бигирад, ба даҳони ӯ лақом бизананд ва савори пушти ӯ бишавад. Он чизе, ки миллатҳоро бе дифоъ карда ва мекунад ва дар дасти бегонагон асир ва гирифтор мекунад, аз даст додани ҳувияти милли ва фарҳангӣ аст. Ин кор ҳамааш бо барҳам хӯрдани бунёни хонаводаҳо дар ҷомеа осон мешавад.
Ислом мехоҳад хонаводаро ҳифз намуда ва мустаҳкам нигоҳ дорад.
Мо дар бораи хонавода сӯҳбат карда ва ва масаларо равшан карданием. Суханҳои мо дорои паёми аз ҷониби парвардигори Якто, холиқи инсон ҳастанд, рӯи ин сӯҳбатҳо такя карда ва онро тафсир кардани ҳастем. Ин корро фақат ба хотири огоҳи ва иттилоъ дар маврид аҳамият ва зарурати оила ва хонавода анҷом медиҳем. Ва сӯҳбат дар бораи арзиши воли хонавода, дар ҷомеаи имрӯзаи мо буда ва ҷойгоҳи асоси ва бас зарури дорад. Яъне паёме, ки дар мавриди масъалаи хонавода бошад, имрӯз барои Ғарб мисли обу ҳаво ва мисли оби хунуки гуворо аст, дар тобистони гарми сузон, чун камбудии онро ба хуби дарк ва ҳис мекунанд.