Дар ҳоли ҳозир Аврупо ва Амрикоро нигоҳ кунем, бибинем инҳо чӣ қадар дучори изтироб ва нигарониянд. Чӣ қадар ноамини ва нооромӣ дар ҷомеаашон доранд ва дунболи оромиш мегарданд. То чӣ андоза аз доруҳои оромбахш ва хобовар зиёд истифода мекунанд. Чӣ қадар ҷавонҳо ба корҳои беқоида даст мезананд, мӯйҳоро баланд мекунанд ва либосҳои танг мепушанд. Барои ин аст, ки аз вазъи ҷомеа нороҳат, асабонӣ ва хашмгин ҳастанд. Мехоҳанд ба оромиш бирасанд, вале бо нокомӣ мемиранд. Пирамардҳо ва пиразанҳо дар хонаи солмандон дур аз фарзадон ва хешу таборашон мемиранд. Бачаҳояшон ҳамроҳи онҳо нестанд. Занҳояшон аз онҳо хабар надоранд. Зану шавҳар аз ҳам ҷудо шуда ва дуранд.
Дар ғарб фарзандони зиёде ҳастанд, намедонанд, ки падару модарашон ки ҳастанд. Занон ва мардоне, ки бо ҳам номи зану шавҳар доранд, вале солҳои зиёд аз ҳамдигар ҳеҷ хабаре надоранд, фаровонанд. Заноне, ки хотирашон ҷамъ бошад, ки то охири умр, то даврони пирӣ, сояи ин мард бар сарашон ҳаст ва бо ҳам зиндагӣ хоҳанд кард, кам ҳастанд. Мардоне, ки хотирҷамъ бошанд, ки ҳамсари дӯстдоштааш фардо суроғи як зиндагии дигар намеравад, кам ҳастанд.
Гӯши шунаво кӯ?!
Дар худи Амрико, нисбати рушди фасод, (анвоъи фасодҳои ахлоқӣ ва ҷинсӣ ва ҷиноят ва қатл ва ...) дар байни мардон ва ҳатто кӯдакон зиёд аст. Матбуот ва ҳушмандони ҷавомеи ғарбӣ фарёд мезананд, мақолаҳо ва китобҳо менависанд, сухан мегӯянд, ҳушдор медиҳанд, аммо касе намешунавад. Вақте вазъиятро аз поя ва реша хароб карданд ва сӣ, чиҳил ё панҷоҳ сол бар ҳамин вазъ дар ҷомеа гузашт, бо ҳушёрӣ ва фарёд ва сиёсат ин мушкилот ҳал нахоҳад шуд.
Ҷавомеи ғарбӣ хушбахтӣ надоранд. Ин сухани ман ва мо нест, балки сухани мутафаккирон, дилсӯзон ва касоне, ки соҳиби дироят ва ақли ғарбӣ аст на сиёсатмадорон., Имрӯз садои онҳое, ки дар миёни мардум ҳастанд баланд шудааст. Чаро? Чун дар он ҷомеа васоили хушбахтӣ нест. Хушбахтие, ки аз оромиш ва эҳсоси саодат ва амният иборат аст.
Имрӯз ҳам касоне, ки бо маорифи ҷаҳонӣ ошно ҳастанд медонанд, ки ба хусус бештар аз ҳама ҷо Амрико ‑албаттакишварҳоиаврупоӣҳамҳастанд‑фарёдихайрхоҳонвамуслиҳонвачизфаҳмҳояшонбаландшудааст, кибиёемякфикре барои ин ҷомеаҳо ба назари худашон пешрафат аммо дар ҳақиқат ноам ва беоромиш, бикунем. Албаттабаиносонӣҳамнаметавонандфикр кунанд, вагарна агар фикр кунанд ба илоҷ мерасанд.