Дар ҷавомеи ғарбӣ ҷавонҳо, давраи нишоти ҷавонӣ ва тундии эҳсосот ва ғаризаҳоро озодона мегузаронанд ва вақте ба фикри издивоҷ ва хонавода мерасанд, ки бахши зиёде аз майли табиӣ ва ғароизи онҳо фуру нишастааст. Он шавқу ишқе, ки бояд дар аъмоқи рӯҳи зану шавҳар ҷойгузин шавад, дар онҳо нест ё хело ҳам кам ҳаст.
Ин ки баъзе синни издивоҷро барои солҳои миёнаи умр мегузоранд, ки дар ғарб маъмули ва одди аст, мисли бештари чизҳояшон, ғалат ва хилофи фитрат ва маслиҳати башар ва таълимоти осмонӣ аст ва нишонаи шаҳватронӣ ва бебанду борияшон мебошад. Мехоҳанд ҷавонии худро ба хиёли худашон, хуш ва шод бигузаронанд ва ҳавасронӣ кунанд. Замоне ки аз кор афтодашудан ва оташҳои эшон фуру нишаст, ҳоло суроғи хонавода бираванд. Мулоҳиза мекунед, ки дар ғарб зиндагии хонаводагӣ ин тавр аст. Талоқҳои зиёд, издивоҷҳои номуваффақ, марду зани бевафо, ғайрати кам ва гуноҳони ҷинсӣ фаровон аст. Дар ғарб зиндагии хонаводагӣ ба ин маъност, яъне бе эътимоди ва нобовари ба якдигар сабаби ташкил нашудани оила ва хонавода мегардад.