khonboda gh 01

Дар баъзе аз кишварҳои дунё, ки пешрафти илм ва тамаддун хеле сареъ аст, зиндагӣ бар онҳо ин тавр таҳмил карда аст, ки аъзои хонавода бо ҳам кори чандоне надоранд. Падар якҷо ва модар ҷои дигар машғули ба коранд. Ҳамдигарро кам ё баъзан намебинанд, барои ҳам хӯрок намепазанд, муҳаббат ва отифае аз худ нишон намедиҳанд, аз ҳам дилҷӯӣ намекунанд ва бо ҳам алоқа ва кори воқеӣ надоранд. Он вақт барои ин, ки ба супориши равоншиносони умури кӯдакон амал карда бошанд, бо ҳам қарор мегузоранд, ки падару модар дар як соати муайян ба хона биёянд ва маҳфили хонаводагӣ дошта бошанд то иҷтимоъи хонаводагиро, ки дар як хонаи солим ба сурати табиӣ ҳаст, ба сурати сохтагӣ ба вуҷуд биёранд. Дар ҳамин маҳфил ҳам, зан ё мард доим ба соаташ нигоҳ мекунад, ки бибинад ин маҳфил кай тамом мешавад, чун масалан соати 6 як ҷои дигар қарор дорад. Ин маҳфили хонаводагӣ созанда нест ва бачаҳо ҳам эҳсоси унс намекунанд. Бояд барои хонаводаи мустаҳкам ва воқеи аз таълимоти осмонӣ равиши онро биомӯзем, то лаззати асоси ва ҳақиқии хонавода ва оиларо бичашанд. Ва аз пучбудан ва маснуъи будани оилаи таърифшудаи дасти башар огоҳ шаванд, ки башар кораш ноқис аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст