Дар дунёи ғарб бо ин, ки бисёре аз онҳо аз илму сарват ва сиёсатҳои қавӣ, дар садри ҳукуматҳои пурдаромад ҳастанд, лекин зиндагии мардум дар масъалаи хонавода бисёр риққатбор ва ногувор аст. Ин ҷамъи хонаводагӣ, ки бузургу ва кӯчаки хонавода гирди ҳам ҷамъ шаванд ва бо ҳам муҳаббат ва табодули отифӣ дошта бошанд, ба ҳам кӯмак ва хидмат кунанд, ҳамдигарро аз худ бидонанд, бародар бо бародар, хонаводаҳо бо ҳам ягона ва яке бошанд, ин одобе, ки имрӯз байни мо роиҷ ва маъмулӣ аст, дар ғарб аз инҳо хабаре нест. Занҳои зиёде ҳастанд, ки танҳо дар манзили чандтабақа зиндагӣ мекунанд. Шаб бармегардад дар хона танҳо аст. Субҳ бармехезад танҳост. Шавҳар, фарзанд, нава ва хешованде нест, ки бо ӯ унс бигирад. Ғолибан танҳо ҳастанд. Чаро? Чун муҳити хонавода фаромуш шудааст. Мутаассифона конунҳои хонавода яке пас аз дигарӣ аз ҳам мепошад ва аз байн меравад. Осораш ҳам ҳамин беҳувиятии фарҳангӣ ва фасоде аст, ки имрӯз дучораш шудаанд. Рӯз ба рӯз ҳам бештар мешавад.