Имрӯз ончи дар кишварҳои ғарбӣ мушоҳида мешавад иборат аст: аз насли беҳувият, дармонда ва саргардон ва падару модарҳое, ки аз фарзандонашон солҳост бехабаранд, дар ҳоле ки дар як шаҳр зиндагӣ мекунанд, чи расад ба ин, ки дар шаҳри дигаре бошанд, хонаводаҳои аз ҳам пошида ва инсонҳои танҳо. Аммо омузаҳои дини Ислом ин равиш ва улгуро намепазирад ва қабул надорад.
Дар Аврупо ва Амрико аз занҳои бешавҳар ва мардҳои безан, оморҳои бисёр боло вуҷуд дорад, ки табъан натиҷааш бачаҳои бе падару модар, кучагард ва ҷинояткор аст. Дар он ҷо фазо, фазои ҷиноят аст. Дар хабарҳо мешунавед, ки як бача ногаҳон дар мактаб ё хиёбон теъдодеро мекушад. Якбор ва як-дуто ҳам нест. Сатҳи ҷинояткорҳо аз назари синнӣ поин меояд. Агар дирӯз ҷавонҳои шонздаҳ-бистсола ҷиноят мекарданд, имрӯз бачаҳои сездаҳ‑чордаҳсола дар Амрико ҷиноят мекунанд. Роҳат одам мекушанд. Вақте ҷомеа ба ин ҷо расид ислоҳаш мушкил мешавад.
Гуноҳи бузурги ғарб; Яке аз мушкилоте, ки ба тадриҷ пояҳои тамаддуни ғарбро мисли муриёна мехӯрад ва бо вуҷуди пешрафтҳои санъатӣ ва илмӣ дар ҳоли суқуту ҳалокат аст ‑албатта дар дарозмуддат‑ масъалаи бетаваҷҷӯҳӣ ба хонавода аст. Натавонистанд хонаводаро ҳифз кунанд. Дар ғарб издивоҷ ва хонавода ғариб, беарзиш ва таҳқир шудааст. Заношӯиро мисли иваз кардани либос карданд.