Дар боби сармоядорӣ ва сотсиализм аз назари мутобиқат ва наздикӣ ва ё фарқият бо Ислом ба тартиби зер баҳс хоҳад шуд: Сармоядорӣ дар дунёи имрӯз як падида ва масъалаи нав ва бе пешинаи таърихӣ аст. Ин низом зиёдтар аз се қарн нест, ки дар асари пешравиҳои иқтисодӣ эҷод шудааст. Ба ҳамин сабаб ҷудогона ва ҳамчун як масъалаи мустаҳдиса(навпайдо) баҳс хоҳад шуд. Олимони динӣ дар баҳси бонку бима ва чек ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ баҳсҳое доранд, аммо ба ин масъала таваҷҷӯҳ ва назар надоранд, ки сармоядорӣ раъс ва асоси ин низоми навпайдо аст, зеро дар аввал ин гуна фикр мешавад, ки (чун пулдорӣ аз аввал дар байни инсонҳо будааст) сармоядорӣ амри навпайдо ва мустаҳдиса нест, балки қадимӣ аст ва шариат ҳам барои он қонуну қоидаҳое гузоштааст, ки дар баҳсҳои хумсу закот, тиҷорат, музориба ва муомилаҳои дигар матраҳ шуда, пас навпайдо нест, то рӯи он таваҷҷӯҳ ва назари ҷиддӣ шавад.
Аммо ҳақиқат ин аст, ки сармоядории имрӯзӣ як масъалаи навзуҳӯр ва навпайдо аст, ки собиқа ва пешина надорад, ба ин сабаб бояд ҷудогона баҳсу баррасӣ шавад ва иҷтиҳод ва истинботҳои шаръӣ анҷом гирад. Чунон ки мумкин аст тиҷорат дар олами сармоядории ҷадид бо тиҷорати сода ва қадимӣ фарқиятҳои асосӣ дошта бошад.
Ин масъала бояд аз назари Усули илми иқтисод мутолиа ва баррасӣ шавад, зеро иддао мешавад, ки сармоядории нав як навъ истисморӣ байин ва акли мол билботили мусаллам (хӯрдани моли ноҳаққи маълум) муомилае аст, ки як тараф маҳсули заҳмату талоши дигаронро маҷҷонӣ мегирад ва мехӯрад. Дар сармоядории ҷадид, баҳс ва сухан дар ин нест, ки сармоядор боинсонф аст ё беинсоф, сухан дар ин аст, ки агар сармоядор бихоҳад ҳаққи воқеии коргарро бидиҳад, бояд аз суд комилан чашмпушӣ кунад ва ин гуна сармоядоре ҳаргиз дар дунё паёдо нахоҳад шуд ва агар бихоҳад суде дошта бошад ҳамааш дуздӣ ва ҳақхӯрӣ аст.
Нишон ва фарқияти сармоядории навпайдо аз сармоядории қадим ва ҳатто сотсиализм ин аст, ки сармоядор нерӯи коргарро барои фурӯш мехарад, на барои он ки худаш ба он ниёз дошта бошад. Ӯ бо истифода аз он нерӯи коргар барои худ арзиш ва пули изофӣ эҷод мекунад. Изофа ва зиёдатие, ки натиҷа ва мавлуди нерӯи коргар аст ва ба ӯ тааллуқ дорад ҳамон фоидае аст, ки соҳибкор мегирад. Ин аст, ки сармоядории ҷадидро айни истисмор мегӯянд.
Он чӣ дар қадим ба унвони иҷора буд ин будааст, ки коргар маҳсули кор ё нерӯи кори худро ба дигароне, ки ба он ниёз доштаанд мефурӯхт ва харидор ҳам нархи воқеии бозорро медод. Мисолаш ин ки ӯро хидматкори хона ва ё ҷои кораш мекард ва ё девору хонае месохт, на онки бо нерӯи кории он коргар кори тиҷоратӣ кунад ва тавлиди ӯро бо нархи зиёдтар бифурӯшад. Дар баҳси муомилаи музорибаӣ метавон гуфт, ки ҳам сармоя кор мекунад ва ҳам омил ва ҳарду бар асоси қароре, ки доранд саҳми худро мегиранд. Дар музориа (муомилае, ки дар зироат рӯи замин мешавад) ҳам замин ва ҳам коргар ду тарафи ҳаққи саҳм мешаванд. Дар ҳеҷ кадом соҳиби мол ва замин намехоҳад коргарро истифода кунад ва натиҷаи кори ӯро бо нархи зиёдатӣ бифурӯшад. Албатта ба баҳси музориба ва музориа ҳам ишколу айбҳое гирифтаанд , ки дар ҷои худ баҳс хоҳад шуд.