Дар ҷавомеи ғарбӣ ҷавонҳо, давраи нишоти ҷавонӣ ва тундии эҳсосот ва ғароизро озодона мегузаронанд ва вақте ба фикри издивоҷ ва хонавода мерасанд, ки бахши зиёде аз майли табиӣ ва ғароизи онҳо фуру нишастааст. Он шавқу ишқе, ки бояд дар аъмоқи рӯҳи зану шавҳар ҷойгузин шавад, дар онҳо нест ё кам аст.
Ин ки баъзе синни издивоҷро барои солҳои миёнаи умр мегузоранд, ки дар ғарб маъмул аст, мисли бештари чизҳояшон, ғалат ва хилофи фитрат ва маслиҳати башар аст ва нишонаи шаҳватронӣ ва бебанду борияшон мебошад. Мехоҳанд ҷавонии худро ба хаёли худашон, хуш бигузаронанд ва ҳавасронӣ кунанд. Замоне ки аз кор афтоданд ва оташҳои эшон фуру нишаст, ҳоло суроғи хонавода бираванд. Мулоҳиза мекунед, ки дар ғарб зиндагии хонаводагӣ ин тавр аст. Талоқҳои зиёд, издивоҷҳои номуваффақ, марду зани бевафо, ғайрати кам ва гуноҳони ҷинсӣ фаровон аст. Дар ғарб зиндагии хонаводагӣ ба ин маъност