ghurub

Насли беҳувият

Имрӯз ончи дар аксари ҷаҳон ба хусус даркишварҳои ғарбӣ мушоҳида мешавад иборат аст: аз насли беҳувият, дармонда ва саргардон ва падару модарҳое, ки аз фарзандонашон солҳост бехабаранд, дар ҳоле ки дар як шаҳр зиндагӣ мекунанд, чи расад ба ин, ки дар шаҳри дигаре бошанд, хонаводаҳои аз ҳам пошида ва инсонҳои танҳо.

Дар Аврупо ва Амрико аз занҳои бешавҳар ва мардҳои безан, оморҳои бисёр боло вуҷуд дорад, ки табъан натиҷааш бачаҳои бе падару модар, кучагард ва ҷинояткор аст. Дар он ҷо фазо, фазои ҷиноят аст. Дар хабарҳо мешунавед, ки як бача ногаҳон дар мактаб ё хиёбон теъдодеро мекушад. Якбор ва як-дуто ҳам нест. Сатҳи ҷинояткорҳо аз назари синнӣ поин меояд. Агар дирӯз ҷавонҳои шонздаҳ-бистсола ҷиноят мекарданд, имрӯз бачаҳои сездаҳчордаҳсоладарАмрикоҷиноятмекунанд. Роҳатодаммекушанд. Вақтеҷомеабаинҷорасидислоҳаш мушкил мешавад.

Гуноҳи бузурги ғарб

Яке аз мушкилоте, ки ба тадриҷ пояҳои тамаддуни ғарбро мисли муриёна мехӯрад ва бо вуҷуди пешрафтҳои санъатӣ ва илмӣ дар ҳоли суқуту ҳалокат аст албаттадардарозмуддатмасъалаибетаваҷҷӯҳӣбахонаводааст. Натавонистанд хонаводаро ҳифз кунанд. Дар ғарб издивоҷ ва хонавода ғариб, беарзиш ва таҳқир шудааст. Заношӯиро мисли иваз кардани либос карданд.

На унс ва на ҳамсарӣ ...

Дар дунёи ғарб бо ин, ки бисёре аз онҳо аз илму сарват ва сиёсатҳои қавӣ, дар садри ҳукуматҳои пурдаромад ҳастанд, лекин зиндагии мардум дар масъалаи хонавода бисёр риққатбор ва ногувор аст. Ин ҷамъи хонаводагӣ, ки бузургу ва кӯчаки хонавода гирди ҳам ҷамъ шаванд ва бо ҳам муҳаббат ва табодули отифӣ дошта бошанд, ба ҳам кӯмак ва хидмат кунанд, ҳамдигарро аз худ бидонанд, бародар бо бародар, хонаводаҳо бо ҳам ягона ва яке бошанд, ин одобе, ки имрӯз байни мо роиҷ ва маъмулӣ аст, дар ғарб аз инҳо хабаре нест. Занҳои зиёде ҳастанд, ки танҳо дар манзили чандтабақа зиндагӣ мекунанд. Шаб бармегардад дар хона танҳо аст. Субҳ бармехезад танҳост. Шавҳар, фарзанд, нава ва хешованде нест, ки бо ӯ унс бигирад. Ғолибан танҳо ҳастанд. Чаро? Чун муҳити хонавода фаромуш шудааст. Мутаассифона конунҳои хонавода яке пас аз дигарӣ аз ҳам мепошад ва аз байн меравад. Осораш ҳам ҳамин беҳувиятии фарҳангӣ ва фасоде аст, ки имрӯз дучораш шудаанд. Рӯз ба рӯз ҳам бештар мешавад.

Озодии ҷинсӣ сабаби фурупошии хонавода

Дар ғарб ба хусус Амрико ва баъзе кишварҳои аврупои шимолӣ маъруф аст, ки бунёни хонавода хеле ларзон аст. Чаро? Чун дар онҷо озодии ҷинсӣ зиёдтар аст. Вақте беиффатӣ роиҷ шуд, яъне марду зан ин ниёзи ғаризиро дар ҷои дигар ғайр аз хонавода таъмин карданд, конуни хонавода дар воқеъ як чизи бемаъно, таҳмилӣ ва ташрифотӣ аст. Аз ин рӯ аз назари отифӣ аз ҳам ҷудо мешаванд. Дар зоҳир байнашон ҷудоӣ нест, аммо ба ҳам дилбастагӣ ва алоқа надоранд.

Агар инсонҳо раҳо буданд, ки ғаризаи ҷинсиро ҳар тавре, ки мехоҳанд таъмин кунанд, хонавода ташкил намешуд ё як чизи сусту пуч ва таҳдидпазир мешуд ва ҳар насиме онро вайрон мекард. Аз ин рӯ ҳар ҷо, ки озодиҳои ҷинсӣ бошад, ба ҳамин нисбат хонавода заиф аст, чун марду зан барои таъмини ин ғариза ниёзе ба хонавода надоранд. Аммо дар ҷое, ки дин ҳоким аст ва озодии ҷинсӣ нест, ҳама чиз барои марду зан ҳаст ва хонавода ҳифз ва нигоҳ дошта мешавад.

Ишқи маснуъӣ

Дар баъзе аз кишварҳои дунё, ки пешрафти илм ва тамаддун хеле сареъ аст, зиндагӣ бар онҳо ин тавр таҳмил карда аст, ки аъзои хонавода бо ҳам кори чандоне надоранд. Падар якҷо ва модар ҷои дигар машғуланд. Ҳамдигарро намебинанд, барои ҳам хӯрок намепазанд, муҳаббат ва отифае нисор намекунанд, аз ҳам дилҷӯӣ намекунанд ва бо ҳам алоқа ва кори воқеӣ надоранд. Он вақт барои ин, ки ба супориши равоншиносони умури кӯдакон амал карда бошанд, бо ҳам қарор мегузоранд, ки падару модар дар як соати муайян ба хона биёянд ва маҳфили хонаводагӣ дошта бошанд то иҷтимоъи хонаводагиро, ки дар як хонаи солим ба сурати табиӣ ҳаст, ба сурати сохтагӣ ба вуҷуд биёранд. Дар ҳамин маҳфил ҳам, зан ё мард доим ба соаташ нигоҳ мекунад, ки бибинад ин маҳфил кай тамом мешавад, чун масалан соати 6 як ҷои дигар қарор дорад. Ин маҳфили хонаводагӣ созанда нест ва бачаҳо ҳам эҳсоси унс намекунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст