Дар муҳити исломӣ зану шавҳар дар муқобили якдигар ва фарзандон ва муҳити хонавода масъуланд ва вазифаҳое доранд.
Гоҳе ду насл мегузарад ва мебинед, ки бобо ва падару набера дар як хона бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Ин чӣ қадар арзиш дорад? На инҳо аз онҳо сер мешаванд, на онҳо бо инҳо бад мешаванд. Ба ҳамдигар кӯмак мекунанд. Падарбузургҳо ва модарбузургҳо ва падару модар ҳастанд, наваҳо ва натиҷаҳояшонро мебинанд... суннатҳоро ба ҳам мунтақил мекунанд. Насли гузашта ирсеро ба насли баъдӣ медиҳад аз ин рӯ бурида, береша, танҳо ва беотифа нестанд.
Хонаводаи улгуи ҷаҳонӣ
Алҳамду лиллоҳ дар бисёре аз ҷавомеи шарқӣ, махсусан исломӣ, ҳанӯз пайванди хонаводагӣ, сафову самимият ва муҳаббат ҳаст. Зан дилаш барои шавҳар метапад, мард ҳам дилаш барои зани худаш метапад. Якдигарро аз самими қалб дӯст медоранд ва зиндагии самимӣ доранд. Дар ҷойҳои дигар ин чизҳо хеле кам аст, шоядам нест.