khonwodeh

Дар бино, ташкил ва ҳифзи хонавода бояд аҳком ва одоби исломиро риоят кард ва ривоҷ дод то боқӣ бимонад. Дар хонаводаи диндор ҷудоӣ аз ҳам мушкил аст ва дил дар гарави муҳаббати якдигар доранд. Ин ҳис ва муҳаббат бинои хонаводаро мустаҳкам мекунад ва муҳити амнтар барои фарзандон ба вуҷуд меорад, аз ин рӯ Ислом ба он аҳамият дода аст.

Нақши зан ва шавҳар

Зану шавҳар бояд талош кунанд то аз ин пайванд посдорӣ кунанд. Вазифаи яке аз онҳо ҳам нест, ки бигӯем: Ҳар коре яке кард дигарӣ таҳаммул кунад. На! Бояд ҳарду бо ҳам кӯмак кунанд то ин кор бишавад.

Намешавад бигӯем, ки шавҳар ё зан саҳми бештаре дорад. На, ҳарду дар ҳифзи ин бунён ва ин иҷтимои дунафара, ки баъдҳо ба тадриҷ зиёд мешавад, нақш доранд.

Аз ҳар чизе, ки муҳити хонаводаро ноором ва афсурда ва ҳаяҷонии бемаврид менамояд, парҳез кунед. Агар Худои нокарда дар муҳити хонавода муҳаббат, боварӣ ва самимият набошад, ҳар ду ранҷ мебаранд.

Дар истеҳкоми бунёни хонавода, худи зану шавҳар бештарин нақшро доранд. Бо гузашту ҳамкорӣ, бо меҳру муҳаббат ва ахлоқи хуби худашон ‑ки аз ҳама муҳимтар муҳаббат аст‑ метавонанд ин биноро мондагор ва ин созгориро ҳамешагӣ ва доими бикунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст