Ташкили хонавода яъне як паймон аст. Паймоне ки Худои мутаол онро бо атои маваддат истеҳкомашро замонат кардааст. Як амри табиӣ нест, ки ду чизро ба ҳам васл карда бошад. Балки як амри қарордодӣ ва эътиборӣ аст. Мисоли ӯ вобаста ба ин аст, ки ҳар ду тараф, ҷомеа ва қонун онро муҳтарам бишуморанд. Агар ба он беэътиноӣ кунанд, боқӣ намемонад. Дар натиҷа ҳам ҷомеаҳо ва ҳам қонунгузориҳо суст ва ҳатто нобуд мешаванд. Яке аз натоиҷи беаҳамияти нисбат ба он, пиршудани ҷомаҳо аст. Ҷомеаҳо ҷаҳони имрӯз дар ҳоли рӯ ба пири аст, ки ин худ натиҷаи беэҳтироми ва бепарвони нисбат ба оила ва хонавода мебошад. Пас ҳам ҳукми ақл ва ҳам ҳукм Илоҳӣ аст, ки ташкили хонавода бидиҳем ва ҷомеаҳоро бо таълиму тарбияти хуб ва оқилона, ва бо кумак гирифтан аз таъолими динӣ низ, ободон кунем