oila

Дар дохили хонавода марду зан метавонанд неруи нав бигиранд ва ҳиммати худро барои идомаи роҳ маҳкамтар кунанд. Медонед, ки зиндагӣ як муборизаи дарозмуддат ва доимӣ бо нафс, омилҳои табиӣ ва мавонеъи иҷтимоӣ аст. Вақте қудрати ин мубориза дар ҷисм бошад, ҷисм солим мемонад. Ин мубориза бояд бо пешбинӣ, рафтору абзори дуруст ва мантиқӣ бошад.

Ин мубориза гоҳе истироҳат ва борандозӣ лозим дорад. Ин як сафар ва ҳаракат аст. Дохили хонавода ҷои истироҳат ва неруи нав гирифтан аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст