Дар муҳити исломӣ зану шавҳар дар муқобили якдигар ва фарзандон ва муҳити хонавода масъуланд.
Гоҳе ду насл мегузарад ва мебинед, ки бобо ва падару набера дар як хона бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Ин чӣ қадар арзиш дорад? На инҳо аз онҳо сер мешаванд, на онҳо бо инҳо бад мешаванд. Ба ҳамдигар кӯмак мекунанд. Падарбузургҳо ва модарбузургҳо ва падару модар ҳастанд, наваҳо ва натиҷаҳояшонро мебинанд... суннатҳоро ба ҳам мунтақил мекунанд. Насли гузашта маворисеро ба насли баъдӣ медиҳад аз ин рӯ бурида, береша, танҳо ва беотифа нестанд.