azon

Аввалин коре, ки Расули Худо(с) ва пешвоёни уммат ба он хеле супориш намудаанд ин аст, ки падару модар пас аз таваллуди навзодашон, дар гӯши рости ӯ азон ва дар гӯши чапаш қомат бигӯянд. Ин амал осори бисёр муфиди рӯҳӣ дар вуҷуди навзод хоҳад дошт, зеро бешак гуфтани ҷумлаҳои:«اللهُ أَكْبَرُ»، «أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ»، «أَشْهَدُ أَنَّ مُحَمّداً رَسُوْلُ اللهِ» аз аввалин лаҳзаҳои зиндагӣ, гӯши тифлро бо нидои тавҳид ва рисолати тавҳидӣ ошно хоҳад кард ва саҳифаи пок ва нуронии рӯҳи кӯдак, ин паёмҳоро дар худ мунъакис хоҳад намуд.

Оре, паёмҳои тавҳидӣ ҳамчун оби ҳаёт фитрати илоҳиашро сероб карда ӯро барои ҳаракат дар шоҳроҳи саодат омодатар мекунад ва ҳамчунон ки илми равоншиносии имрӯзӣ собит кардааст. “Рӯҳи кӯдак дар шаш соли аввали зиндагӣ бисёр қабулкунанда, ҳассостар ва нақшпазиртар аз давраҳои дигари зиндагиаш аст ва он чиро, ки дар худ ҷазб мекунад, ба сахтӣ метавонад осори мусбат ё манфии онҳоро дар бузургсолӣ аз хештан бизудояд”. Дар ҳоле ки бар асоси тасаввури омиёнаи бисёре аз мардум, кӯдак дар ин син чизе намефаҳмад.

Олимони динӣ дар баҳси тарбиятпазирии кӯдак гуфтаанд:

Инсоне, ки ба дунё омадааст «حديث العهد بالربّ»; яъне тоза аз ҳузури зоти поки Худованд поин омада ва ба Худо аҳди тавҳидии рубубӣ баста ва ба ёди Ӯст. Худоро хуб мешиносад ва ба маводе, ки бар асоси он ба Худо аҳди тавҳиди рубубӣ бастааст, огоҳ аст ва бо сармояи илҳом ва огоҳӣ <فَأَلْهَمَها فُجُورَها وَ تَقْواها> "Ва бадкорӣ ва порсоиашро ба ӯ илҳом кард"   ба дунё омада ва ҳанӯз ранги тираи табиат, ӯро рангин накардааст ва қобили тараққӣ ва рушд аст.

Агар дастури дин ин аст, ки аввалин сухане, ки кӯдак мешунавад азон дар гӯши рост ва қомат дар гӯши чапи ӯ бошад, барои он аст, ки кӯдак воқеан ин суханҳоро мефаҳмад. Ҳамон тавр ки <أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ> "Оё Парвардигори шумо нестам?" -ро шуниду фаҳмид ва посухи дурусте дод, ҷумлаи,

«أَشْهَدُ أَنْ لاَ اِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَ اَشهَدُ أَنَّ مُحَمَّداً رَسُولُ الله»-ро ҳам ба хубӣ мефаҳмад ва ба тавҳиду рисолат шаҳодат медиҳад ва намоз, растгорӣ, амали хайр ва такбирро ба хубӣ мефаҳмад ва мепазирад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст