econ 002Сарват ё мол иборат аст аз ҳар чизе, ки яке аз ниёзҳои табиӣ, эътиборӣ ва ё зарурӣ ва ё ҳатто таҷаммулии башарро бароварда намояд. Албатта ба ақидаи баъзе, мол ё сарват чизе аст, ки башар онро бо кор эҷод мекунад.

Ҳамонтавр, ки дар баҳси фиқҳӣ гуфта шудааст, лозимаи сарват молийят ва мамлукият нест, зеро мумкин аст моле соҳиб надошта бошад ё ин ки ба табақа ва гуруҳи хоссе тааллуқ дошта бошад, ҳамчун амволи вақфӣ.

Аз тарафе мумкин аст чизе бошад, ки моли молике бошад, аммо ба сабаби кам будан қобили истифода ва рафъи ниёз набошад ва сарват шинохта нашавад, монанди донаҳои гандум ва ё хок ва... . Бар асоси фиқҳ ва шариат, ҳатто шохае аз дарахт ва ё донае аз гандуми дигаронро наметавон бе иҷоза бардошт ва ё итлоф кард, аммо дар урф касе ба он сарват намегӯяд ва ҳатто қобили хариду фурӯш нест. Албатта аз назари шаръ дар ҳукми зимон нест.

مَن أتلَفَ مالَ الغَیرِ فَهُوَ ضامِن - عَلَی الیَدِ ما اَخَذَت حَتیَ تُودِّیَه

Сабаб ва абзори тавлидкунандаи сарват, гоҳ як, ду ва ё се чиз хоҳад буд, ки ба тартиби зер мебошанд:

1.       Сарватҳое, ки фақат табиат дар тавлиду эҷоди онҳо таъсир дорад. Меваҳои ҷангалӣ, гӯлҳои саҳроӣ, гиёҳони дорӯӣ ва алафҳое, ки барои хӯрдани ҳайвонот аст, аз он навъ ҳастанд.

2.       Сарватҳое, ки табиат ва кору талош бо ҳамдигар сабаби эҷодӣ дар онҳо ҳастанд. Дарахтҳо, ки коштанаш ба дасти инсон ва маҳсулаш бо таъсироти обуҳавоӣ ва табиӣ аст. Домдорӣ, мурғдорӣ ва..., аз ин навъ сарватҳо ҳастанд, ки ҳам инсон ва ҳам табиат таъсиргузор ҳастанд .

3.       Сарватҳое, ки аз табиат, кору талоши инсон ва ҳамчунин аз сармоя , ки худаш як навъ аз тавлидоти инсон ва табиат аст таъсиргирӣ дошта бошанд. Маҳсулоти кишоварзии мошинӣ ва ғайри мошинӣ, кафшу мансуҷот ва доруҳои химикатӣ, қанду шакарӯ нон ва..., аз он навъ ҳастанд .

Оё мумкин аст бедахолати табиат, танҳо бо кор ва ё кору сармоя эҷоди сарват кард? Посух, албатта на аст, зеро сарват ё моддае аст, аз моддаҳои сохта шуда дар табиат ва ё амре аст, ки ба табиат тааллуқ ва иртибот дорад. Таълифот ва навиштаҳои илмӣ, адабӣ ва ё имтиёз ва ҳаққе, ки барои ихтироъ ва кашфҳо аст.

Оё мумкин аст табиат ва сармоя ба танҳои сарватро тавлид кунанд, бе он ки кор дар он таъсиргузор бошад?! То кунун ин гуна абзоре эҷод нагаштааст, ки бе таъсири фикрӣ ва ё ҷисмии инсон тавлидгар бошад. Ҳатто дар бораи корхонаҳои санъатӣ як нерӯи идоракунанда аз навъи инсон лозим буда ва ҳаст. Албатта ба ин маъно, ки тамоми корҳои тавлидиро худи корхона ва техникаҳо анҷом диҳад ва кор, ҳамон идораи тахассусии мудир ва коргарон бошад саҳеҳ аст. Ҳақиқат ин аст, ки бо пешрафти техникӣ таъсири мустақим ва дастии нерӯи корӣ ва инсон, камтар шудааст ва сармоя ё ҳамон корхона ва техника нақшаш бештар гаштааст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст