Ҳар инсоне – зану мард – дар тули зиндагӣ, дар шабонарӯз мушкилоте дорад ва бо пешомадҳо ва ҳаводисе рӯ ба рӯ аст. Ин ҳаводис аъсобро мекӯбад ва хаста мекунад. Инсонро дучори нооромӣ ва саросемагӣ мекунад. Вақте вориди муҳити хонавода шуд, ин муҳити амну амон ба ӯ таҷдиди қуво мебахшад. Ӯро омодаи талош барои як шабонарӯзи дигар мекунад. Хонавода барои танзими зиндагии инсон хеле муҳим аст. Албатта хонавода бояд хуб ва солим идора шавад.
Ин баҳрае, ки марду зан аз хонавода мебаранд, сифат ва арзиши кори онҳоро дар беруни хонавода боло мебарад.
Фурсати издивоҷ ва ором гирифтан дар хонавода, яке аз фурсатҳои муҳимми зиндагӣ барои марду зан аст. Ин як василаи осоиши рӯҳӣ, дилгарм шудан ба идомаи фаъолияти зиндагӣ ва як ғамхори наздик пайдо кардан аст, ки дар зиндагӣ бисёр лозим аст.