modar 01

Модар боризтарин(ошкортарин) маншаи осоишу меҳр ва олитарин манбаи саодати хонаводагӣ аст. Комравоӣ дар хона ва эҳсоси амнияту оромиш дар он ва низ эҳсоси қудрат ва истиқлоли кӯдакон дар хонавода, бастагӣ ба вуҷуди модар дорад.

Табиати модар дар офариниш омода барои пазириши масъулияти тарбияти кӯдак аст ва аз сӯи дигар ангезаи модарӣ, ки латифтарин ва қавитарин ангезаҳост дар ниҳоди модар ба вадиъат гузошта шуда ва ӯро мазҳари лутф, сафо, иноят ва муҳаббат барои кӯдак сохта аст.

Модар мазҳари отифа, меҳр ва чеҳраи дӯст доштании хона аст. Ӯст, ки бо раъфат ва меҳри худ муҳити хонаро дилчасб ва аҳли манзилро шоду масрур месозад. Ӯст, ки дар чаҳор девори хона мадинаи фозила месозад ва ба парвариш ва созандагӣ шахсиятҳо мепардозад.

Модар мавҷуди таҳаввулбахш дар ҷисм ва равони кӯдак аст. Тарбият ба маънои васеъ ва омми калима дар қаламрав ва дар салоҳияти модар аст. Ӯст ки месозад ва ӯст, ки метавонад тағйроти матлуб дар фард эҷод кунад ба хусус, ки агар ин замина бо омили инзиботи падар омехта шавад. Тарбиятро агар амри доимӣ ба ҳисоб оварем ва низ бар асоси суннати исломӣ агар кӯдакро, то ҳафт соли аввал дар хона ва ҳамроҳи модар бидонем, бояд эътироф кунем, ки бахши аъзами таъсирпазириҳо аз сӯи модар аст ва бештар хислатҳо ва рафторҳои кӯдакон, ҳатто дар синини ҷавонӣ ва баъд аз он, маншаъ гирифта аз модар аст.

Манбаъ;

Доктор Алӣ Қоимӣ, Маҷмуъа баҳсҳо дар заминаи нақши модар дар тарбият.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст