padar va pisar

Фарзанд амонати илоҳӣ аст, ки пас аз гузашти замоне таҳвили ҷомеъа мегардад. Амонатдории волидайн эҷоб мекунад, ки захоири вуҷудии фарзандашонро кашф кунанд ва дар роҳи рушд ва шукуфоии моддӣ ва маънавии фарзандашон талош намоянд.

Дар ин миён нақши падар ба далели ӯҳдадор будани мудирияти хонавода қудрат, султа, улгӯ ва мудел будан, душвортар аст. Аз ин рӯ бояд бо ҳади аксари тавон дар ин роҳ гом бардорад ва бидонад, ки тарбияти фарзанд масъулиятест, ки дар қиболи он мавриди суол қарор хоҳад гирифт.

Имоми Саҷҷод(а) дар ҳадисе фармуданд:

وَ أَمَّا حَقُّ وَلَدِكَ فَتَعْلَمُ أَنَّهُ مِنْكَ وَ مُضَافٌ إِلَيْكَ فِي عَاجِلِ الدُّنْيَا بِخَيْرِهِ وَ شَرِّهِ وَ أَنَّكَ مَسْئُولٌ عَمَّا وُلِّيتَهُ مِنْ حُسْنِ الْأَدَبِ وَ الدِّلَالَةِ عَلَى رَبِّهِ وَ الْمَعُونَةِ لَهُ عَلَى طَاعَتِهِ فِيكَ وَ فِي نَفْسِهِ فَمُثَابٌ عَلَى ذَالِكَ وَ مُعَاقَبٌ فَاعْمَلْ فِي أَمْرِهِ عَمَلَ الْمُتَزَيِّنِ بِحُسْنِ أَثَرِهِ عَلَيْهِ فِي عَاجِلِ الدُّنْيَا الْمُعَذِّرِ إِلَى رَبِّهِ فِيمَا بَيْنَكَ وَ بَيْنَهُ بِحُسْنِ الْقِيَامِ عَلَيْهِ وَ الْأَخْذِ لَهُ مِنْه

"Ва аммо ҳаққи фарзандат, таваҷҷӯҳ ба ин амр аст, ки ӯ аз ту мебошад ва дар чанд рӯзи ин дунё хайр ва шарраш вобаста ба ту аст ва бояд бидонӣ, ки яқинан дар робита бо вазоифе, ки бар ӯҳдаат гузошта шуда аз қабили: тарбияти некӯ, роҳнамоӣ ба сӯи Парвардигораш, ёрӣ ва мусоидаташ дар итоати Худо, дар бораи худ ва ӯ масъул мебошӣ. Ва дар ин таклиф ё ба савоб мерасӣ ва ё муҷозот мегардӣ. Пас дар ин бора ҳамчун афроде, ки ба воситаи ҳусни асарашон ба фарзанд номаи амали худро дар ин чанд рӯзи дунё меороянд, рафтор кун. Ва дар тарбияташ он навъ бикӯш, ки назди Парвардигораш аз он чи байни ту ва ӯ амал шуда ва барои ӯ аз Худо мадад гирифтаӣ маъзур бошӣ."

Падарони вазифашинос, бо ангезаи дарунӣ, ки ишқ ва муҳаббати илоҳӣ ба фарзандон аст ба тарбияти фарзанд ҳиммат гумошта ва барои касби тавфиқ дар ин роҳ аз Худованд талаби ёрӣ мекунанд. Чунон чи имоми Саҷҷод(а) дар дуои 25 Саҳифаи Саҷҷодия аз Худои Бузург мехоҳад, ки фарзандонашро некӯкорони парҳезкор, соҳиби басират, шунавои ҳақ, мутии Худованд, дӯстдор ва насиҳатгузор ба дӯстони Худо ва душман ва кинатуз нисбат ба душманони Ҳақ Таъоло қарор диҳад ва сипас мефармояд: "Худовандо! Маро дар тарбият, таъдиб ва некӣ ба ишон ёрӣ намо."

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст