Нигоҳи Ислом ба хонавода, нигоҳи дуруст, асил ва ҷиддӣ аст. Ислом хонаводаро асл қарор додааст. Барҳам задани бунёни хонавода ё ошуфта намудани он ҷузъи бадтарин корҳост.
Хонавода дар Ислом маҳалли унс ва сукунату оромиши равони ду инсон ва маҳалли такомули як нафар ба василаи як нафари дигар аст. Дар муҳити хонавода аст, ки инсон сафо ва роҳати равонӣ меёбад.
Дар баёни Қуръон офариниши зану мард ва ҳамзистии инҳо ва дар ниҳоят завҷияти онҳо барои оромиши зану мард аст.
Дар Қуръон ояти 1 “وجعل منها زوجها لیسکن الیها” омадааст. Дар ду ҷои Қуръон таъбири сакан – то онҷо, ки ба ёд дорам − вуҷуд дорад. Худои Мутаол завҷи зан ва завҷи мардро аз ҷинси худи ӯ қарор дод, “ لیسکن الیها ” то битавонад дар канори шавҳар ё ҳамсар, эҳсоси оромиш кунад.
Ин оромиш, сукунат ва наҷобат аз талотумҳои рӯҳӣ ва изтиробҳои зиндагӣ аст. Майдони зиндагӣ майдони мубориза аст ва инсон ҳамеша дар маърази навъе изтироб аст. Инсон бисёр чизи муҳиме аст. Агар оромиши инсон ба дурустӣ таъмин шавад зиндагӣ саодатмандона мешавад, зану мард хушбахт мешаванд, бачаҳое, ки дар ин хона ба дунё меоянд ва парвариш меёбанд, бе кина рушд мекунанд ва хушбахт хоҳанд шуд, чунки замина барои хушбахтии онҳо фароҳам шудааст.