Хонаводаи хуб дар дараҷаи аввал яъне зану шавҳаре, ки бо ҳам меҳрубон, бовафо ва самимӣ бошанд ва ба якдигар муҳаббату ишқ биварзанд, риояти ҳуқуқ ва масолеҳи ҳамдигарро гиромӣ ва муҳим бидонанд.
Баъд авлоде, ки дар он хонавода ба вуҷуд меоянд, нисбат ба ӯ эҳсоси масъулият кунанд, бихоҳанд ӯро аз назари моддӣ ва маънавӣ солим бузург кунанд, чизҳое ба ӯ ёд бидиҳанд, ба корҳое ӯро водор кунанд, аз чизҳое ӯро боздоранд ва сифоти хуберо дар ӯ тазриқ кунанд. Чунин хонаводае асоси ҳамаи ислоҳоти воқеӣ дар як кишвар аст. Инсонҳо дар чунин хонавода шуҷоъ, мустақил, бофикр, масъулиятшинос ва масъулиятпазир, бо эҳсоси муҳаббат, тасмимгир, хайрхоҳ –на бадхоҳ- наҷиб ва босафо тарбият ва бузург мешаванд. Вақте мардуми ҷомеа ин хусусиётро дошта бошанд, ин ҷомеа дигар рӯи бадбахтиро нахоҳад дид.