Албатта дар таърифи масоили иқтисодӣ ва ҷудо намудани он аз дигар масъалаҳо наметавон бо лафзи ниёзҳои моддӣ ва ниёзҳои маънавӣ онро расонд. Чун ғайр аз ин ки тамйизу ҷудоӣ байни моддӣ ва маънавӣ зиёд саҳеҳ нест , ниёзҳои инсон нисбати издивоҷу зиндагии зану шавҳарӣ амре аст моддӣ на иқтисодӣ. Аммо дар зоҳир масоилеро иқтисодӣ мегӯянд, ки башар нисбати онҳо моликият дошта бошад ва дар иҷтимоъ ҳаққи мубодила ва хариду фурӯши онро доро бошад. Дар ҳақиқат намешавад гуфт: моликият, ҳаққи истифода ва каспи манфиат ва... ро наметавон таърифи иқтисод донист, чун зан ва мақому мансаб ҳам гоҳ то онҳад мерасад, аммо амри иқтисодӣ гуфта намешаванд!. Дар инҷо вуҷуди пулро ҳам наметавон асл барои номидани як масъала ба номи иқтисод донист. Яъне агар шахсе бо сарвте, ки дорад чандин занро ҳам ба худ ихтисос диҳад, боз намешавад амри иқтисодӣ рӯи амали он номгузорӣ шавад. Аммо агар гуфта шавад нишонаи иқтисод тавлиду таксири чизе аст, ки байни мардум тавзеъ мегардад, аммо боз метавон чизҳоеро ёфт, ки тавлиди инсон нест, мисли маъдану конҳое, ки як амри иқтисодӣ шинохта мешаванд. Дар ҳақиқат тавлиди чизе барои таърифи иқтисод сидқ намекунад, чунон ки фарзанддор шудану заношӯӣ ки ҳам номи тавлидро дорад ҳам номи тавзеъу пахшро, вале иқитсодӣ нест. Пас агар гуфта шавад милоку нишонаи аслӣ мубодила ва хариду фурӯш аст, ки инҷо дар кишварҳое, ки иштирок дар сарвтҳо асос аст дигар иқтисоде вуҷуд надорад. Дар посухи ин матлаб бояд таваҷҷӯҳ шавад, ки ҳатто агар гуруҳе дар коре иштироки саҳму саман дошта бошанд, боз ҳам намешавад гуфт мубодила аз байн рафтааст, балки мубодила ҳамчунон ҳаст. Дар ҳақиқат чунон ки гуфтаем иқтисод як ҷузъе аз робитаи иҷтимоии инсонӣ аст.
Аз ин таъриф ба номи таърифи комил наметавон истифода намуд, чунон ки сарват ҳамааш аз лавозиму заруриёти ҳаёт нестанд ва аз тарафе баъзе ниёзҳои зиндагии инсон дар иқтисод намедаромаданд.