Ривоёт бар тарбияти фарзанд дар даврони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва оғози ҷавонӣ таъкиди фаровон дорад. Аммо чаро тарбият дар ин даврон инқадар аҳаммият дорад?
Нахустин ва муҳимтарин далел бар аҳамияти тарбият дар даврони кӯдакӣ ин аст, ки қалби кӯдак, ки бояд арши Раҳмон бошад дар ин даврон ҳануз ба сиёҳӣ ва палидии гуноҳон олуда нашудааст. Монанди заминест, ки ҳануз базре дар он кишт нашудааст ва мо метавонем ҳар гуна сифоти ахлоқӣ ва иҷтимоиро, ки бихоҳем дар он кишт кунем. Қалбе, ки холист, ҳам метавонад арши Раҳмон шавад ва ҳам манзили шайтони малъун.
Ҳазрати Алӣ(к) дар номае хитоб ба фарзандаш имом Ҳасан(а) сабаби ин амрро ин тавр баён мекунад:
]وَ إِنَّمَا قَلْبُ الْحَدَثِ كَالْأَرْضِ الْخَالِيَةِ مَا أُلْقِيَ فِيهَا مِنْ شَيْءٍ قَبِلَتْهُ فَبَادَرْتُكَ بِالْأَدَبِ قَبْلَ أَنْ يَقْسُوَ قَلْبُكَ وَ يَشْتَغِلَ لُبُّك[
"Чун қалби кӯдакон монанди замини холист, ки ҳар базр ва донае дар он бикоранд мерӯяд. Ман тарбияти туро дар кӯдакӣ ва қабл аз ин ки, қалбат сахт ва зеҳнат машғул шавад оғоз кардам."
Дуввумин далели аҳамияти тарбият дар даврони кӯдакӣ ин аст, ки ҳанӯз зеҳни кӯдак ба омӯзишҳои бефоида, мисли васоили маъишатӣ ва дунявӣ аз қабили зан, фарзанд, ҷамъи мол ва ғайра, машғул нашудааст. Кӯдаки холи аз ҳамаи ин афкор метавонад ба роҳатӣ омӯзишҳо ва тарбияти лозимро пазиро шавад, зеро дар ин давра кӯдак фақат падар, модар ва муҳити хонаводаи худро мешносад ва ба истилоҳ гӯшу чашми ӯ бастааст ва танҳо таҳти пӯшиши шахсияти худ тағзияи рӯҳӣ ва фикрӣ мешавад. Дар ин давра рӯҳи кӯдак фавқулода ҳассос ва асар пазир аст ва монанди дурбини филмбардорӣ (камера), ҳамаи рафторҳоро дар худ забт мекунад ва оҳиста − оҳиста дар дароз муддат он чиро, ки дидааст, нишон медаҳад. Агар падару модар дар ин давра, дар тарбияти фарзанд саҳлингорӣ(танбали) ва кутоҳӣ кунанд ва худ амалан улгӯи тарбияти шоистае барои кӯдаки хеш набошанд ва танҳо ба амру фармонҳо ва наҳейҳои хушку холӣ басанда кунанд, кӯдакон бетаъсир аз чунин тавсияҳои хушку холӣ, ба рафторҳо ва хулқиёти номатлуб гароиш хоҳанд ёфт ва берун аз хона бо улгӯҳои манфии, намунаҳои бади ахлоқӣ рӯ ба рӯ мешаванд, истиқбол ва асар пазирӣ бештаре хоҳанд дошт.