Ҷомеаи бехонавода ҷомеаи ошуфта ва номутмаин(қобили бовар нест) аст, ки дар он меросҳои фарҳангӣ, фикрӣ ва ақоиди наслҳо ба якдигар осон мунтақил намешавад ва тарбияти инсон осон сурат намегирад.
Агар хонавода набошад, навҷавон ва кӯдак, инсон, марду зани солеҳ ва ахлоқ нест, интиқоли таҷрибаҳои мусбат ва хубу боарзиши насли гузашта ба насли баъдӣ ва маркази тавлиди имон ва динбоварӣ нест.
Ин ҷавомеъ дар маърази нобудӣ ва фано ҳастанд ва мушкилоти равонӣ ва асабӣ хеле бештар аз он ҷавомеъе аст, ки дар онҳо хонаводаҳо мустаҳкам ва зану мард ба як нуқта ва конуне васл ҳастанд.
Ҳеҷ чизе ҷои хонаводаро намегирад. Милиардҳо инсон дар муҳити хонавода ду муваккил ва парастори вижа доранд, ки ҳеҷ чиз ҷои он дуро намегирад.
Хонавода муҳити амне аст, ки дар он фарзандон ва худи падару модар метавонанд руҳу фикр ва зеҳни худро солим нигоҳ доранд ва рушд бидиҳанд. Вақте хонавода суст шуд, наслҳое, ки ҳаминтавр пушти сари ҳам меоянд, беҳифозанд.
Инсон барои тарбият, ҳидоят, таолӣ ва камол офарида шудааст ва ин масоил ҷуз дар як муҳити амн ба вуҷуд намеояд. Инсон бояд таҳти тарбияту муҳаббат ва таълими падару модар қарор бигирад.
Агар хонавода набошад, ҳамаи тарбиятҳои башарӣ ва ниёзҳои руҳии инсонҳо ноком хоҳад монд, зеро табиат ва сохти башар ингуна аст, ки дар муҳити хонавода ва дар оғуши падару модар, тарбияти солиму комил ва беайбу беуқда ва боландагии лозими рӯҳӣ пайдо хоҳад шуд. Инсон замоне аз назари рӯҳӣ ва отифӣ, саҳеҳу солим ва комил бор меояд, ки дар муҳити зиндагии ором ва муносибе дар хонавода бузург ва тарбият шавад. Дар хонавода се гуруҳ ислоҳ мешавад; мард падари хонавода, зан модари хонавода ва кӯдакон, ки насли баъдии ин ҷомеа ҳастанд.