Масъалаи издивоҷ дар шариати муқаддас амри бисёр муҳимме аст ва фоидаҳои бисёре дорад, ки муҳимтарини он ташкили хонавода аст. Худи ин алоқаи ҳамсарӣ ва ташкили як воҳиди ҷадид, мояи оромиши зану мард ва камоли шахсияти онҳост. Бе алоқаи ҳамсарӣ зану мард ноқисанд. Ҳамаи масоили дигар фаръи ин аст. Агар ин конун солим ва пойдор шуд, бар имрӯзу ояндаи ҷомеа таъсир хоҳад дошт.
Издивоҷ дар ҳақиқат дарвозаи вуруд ба пайванди заношӯӣ ва ташкили хонавода мебошад, ки асоси ҳамаи тарбиятҳои иҷтимоӣ ва инсонӣ аст.
Ҳамин қадар, ки духтару писар ҳамдигарро бибинанд ва ақди шаръӣ ҷорӣ бишавад ва онҳо бо ҳам зану шавҳар бишаванд, як конуни(маркази) хонавода ба вуҷуд меояд. Худои Мутаол хонаводаи мусулмон ва солимро хело дӯст дорад. Вақте хонавода ташкил шуд, баракоти зиёде дар он сарозер мешавад. Ниёзҳои зану шавҳар таъмин мешавад, насли башарӣ идома пайдо мекунад ... аммо асли мақсад фарзанд, зебоӣ ва сарват нест. Асли мақсади издивоҷ ин аст, ки ду нафар бо ҳам зиндагии муштаракеро ташкил диҳанд ва муҳити солим ба вуҷуд биёранд. Агар ин нашуд, монанди инсоне аст ки як поияш дар зиндагӣ ланг аст, оила ва хонавода ба мисли ин мемонад.