А) Тарбият дар луғат:
Вожаи тарбият дар забони арабӣ масдари боби "тафъил" аст. Ин вожа эҳтимолан аз яке аз ду решаи «ر،ب،ب» ё «ر،ب،و» ташкил шудааст.
Решаи аввал: «ر،ب،ب»
(ر. ب. ب) Ба маънои тарбият кардан ва ба сӯи камол бурдан мебошад ва муштаққоти он, 980 мартаба дар 94 сура ва 871 оят аз Қуръон омадааст.
1‑ Роғиби Исфаҳонӣ олимони луғатшинос мегӯяд:
«الرَّبُّ فِي اْلأَصْلِ: التَّرْبِيَةٌ، و هُوَ إنْشاءُ الشَّيءٍ حالاً فَحالاً إلى حَدِّ التَّمام»
ʺЧизеро эҷод намудан ва ба тадриҷ такомул бахшидан ва бурдан ба сӯи камол ва рафъи камбудҳо."
2 Ибни Форис аз олимони луғатшинос мегӯяд:
«اَلرَّاءُ وَالبَاءُ يَدُلُّ عَليَ اُصُولِ. فَالْاَوَّلُ اِصْلاحُ اْلشَيْءِ وَاْلقِيَامُ عَليْهِ. فَالرَّبُ اْلمَالِكُ، وَاْلخَالِقُ، وَالْصَاحِبُ. وَالرَّبُ اْلمُصْلِحُ لِلشَّيْءِ. وَاْلاَصْلُ اْلآخِرُ لُزُوْمُ الشَّيْءِ وَاْلاِقَامَةُ عَليْهِ، وَهُوُ مُنَاسِبٌ لِلاَصْلِ اْلاَوَّلِ. يُقَالُ اَرَبَتِ اْلسَحَابَةُ بِهَذِهِ اْلبَلْدَةِ، اِذَا دَامَتْ. وَاْلاَصْلُ الثَّالِثُ: ضَمُّ الشَّيْءِ لِلشَّيْءِ»
Рабба бар се асл далолат мекунад:
Аввал: "Парварондан ва муроқибат аз чизе. Раб яъне молик ва холиқ ва касе, ки муроқиб ва ислоҳкунандаи чизе аст.
Дуввум: Монанд ва қоим шудани чизе дар як ҷо, мисли ин ки барои абр гӯянд, ки абр дар он шаҳр истод ва пайваста борид.
Севвум: Канори ҳам гузоштани ду чиз аст."
3‑ Иброҳими Мустафо аз олимони луғатшинос:
«رَبَّ اْلوَلَد: وَلِيَهُ وَتَعَهَّدَهُ بِما يغذيه و ينميه و يؤدِّبه» ʺТарбият кард фарзандро, яъне сарпарасти кӯдак шуд ва тағзия, рушд ва тарбияти ӯро ба ӯҳда гирифт."
Решаи дуввум: «ر،ب،و»
(ر. ب. و) Ба маънои рушд, зиёд шудан ва парвариш омадааст.
1 Ибни Манзур:
«رَبَّا الشّيءُ... زَادَ وَ نَمَا وَ اَرْبَيْتُهُ: نَمَّيْتُهُ» ″Чизе зиёд шуд ва рушд кард ва тарбияташ кардам, яъне парвариш ва рушд додам."
2 Зубайдӣ олим, луғатшинос менависад:
«رَبَّا فلانٌ علي شَرَفٍ اِذَا عَلاَ وَ ارتَفَعَ» "Фалонӣ дар шарафаш афзуда шуд, яъне зиёд шуд, боло рафт ва рушд кард.ʺ
3 Алиакбари Қаршӣ мегӯяд:
«رَبَّ الصَّبِيَّ رَبّاً: رَبّاهُ حَتَّي أَدْرَكَهُ» ʺБаччаро тарбият кард, то ба рушд расид."
Б) Тарбият дар истилоҳ:
Дар истилоҳ таърифҳои зиёде аз тарбият шудааст, ки ба се намуна аз таъорифи истилоҳии он, ишора мекунем.
1. Тарбият: ҳамоно кашондани одамист ба сӯи арзишҳои волои инсонӣ, чунон ки он арзишҳоро бифаҳмад, дӯст бидорад ва ба кор оварад.
2. Тарбият: маҷмӯи умурест, ки дар созандагии шахсияти рӯҳонии инсон дахолат дорад.
3. Тарбият: ба феълият расондани истеъдод ва ба камол расондани истеъдодҳои камол аст.