Дар шариат омадааст, ки пайванди издивоҷро маҳкам нигоҳ доред. Ҳамин шариат шароити зиёде барои издивоҷ дар ҳамаи заминаҳо муайян кардааст. Дар заминаи ахлоқӣ ва рафторӣ мегӯяд, ки вақте зан гирифтед ё шавҳар кардед, бояд ахлоқатонро хубтар кунед ва гузашту муҳаббат ва ҳамкориятонро бештар кунед, бояд ҳамдигарро дӯст бидоред ва вафодор бошед. Инҳо ҳамааш аҳкоми шариат ва дастуроти дин аст. Ончи дар издивоҷ муҳим аст, риояти ахлоқи инсонӣ аст, ки дар муқоиса бо масоили моддӣ хеле мушкилтар ва муҳимтар аст. Зану шавҳар бояд ин масоилро то охири умр риоят кунанд, то ризояти Парвардигорашро ба даст оварад ва ҳам ин пайванди муборакашон ҳеҷ осебе набинад.
Шариати муқаддаси Ислом дар муносибатҳои иҷтимоӣ, ин амри инсониро пазируфтааст, аммо шароите барои он қарор додааст. Яке аз ин шароит ин аст, ки издивоҷ ва пайванд аз ҳолати робитаи инсонӣ ба як муомилаи тиҷорӣ ва ғайри инсонӣ табдил нашавад. Инро шаръи муқаддас дӯст намедорад. Яъна ба хилофи ақидаи бисёриҳо ки пулу мол ва сарватро ва зебои ва хушандоми ва чизҳои камарзишро бо арзиш ҷилва дода ва мелоки издивоҷи мувафақ мешуморанд. Аммо шариати муқадаси Ислом инҳоро на балки аввалан арзишҳои дини ва муносибаҳои иҷтимои ва инсониро ба мо мусулмонон супориш карда сониян талош ва кушиш ҳаракат барои бадастовардани ризқ ва рузиро дастур медиҳад. Мо набояд ғофил шавем аз ин ки рузидиҳанда фақат ва фақат Худои Розиқ аст.