Тарбият ҳамонанди ҳар фаъолияти иродии дигари инсон, ҳадаферо дунбол мекунад. Ҳадафдории таълим ва тарбият аз ҳадафдории низоми офариниш, навъи ҷаҳонбинӣ, инсоншиносӣ ва мабонии пазируфта шудаи як мактаби тарбиятӣ ҷудо нест. Ҳамчунон ки авомил ва шароити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар навъи ҳадафдории тарбият таъсири фаровоне доранд. Ба таври кулли инсонро ду гуна ва бо ду ҳадаф метавон сохт: Яке бар асоси он чи офаридагораш хоста ва бо истеъдодҳои вижа ва ҳадафи мушаххас; яъне хайр, маслиҳат ва саодати воқеии ӯ таҷҳиз карда ва тарбияти динӣ баёнгари он аст. Дуввумӣ бар асоси он чӣ андешаҳои башарӣ ва роҳнамоёни фикрӣ ва сиёсат гӯзорони иҷтимоӣ ирода кардаанд. Монанди ҷавомеи санъатӣ ва моддӣ, ки инсонро дар ҷиҳати манофеи худ ҳамонанди абзор ба хидмат мегиранд.
Баҳс аз аҳдофи тарбият ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи макотиб ва ҷавомеъ будааст. «Дар Юнон омодасозии фард барои фадокорӣ дар роҳи сарзаминро, ҳадаф аз тарбият талаққӣ мекарданд.»
Бархе табиатгароён муътақиданд: «Ҳадафи омӯзиш ва парвариш омода сохтани фард барои пирӯзӣ дар танозуи бақост.» Дар ҷомеаи комунистӣ ҳадафи наҳоии тарбият, фароҳам кардани имкониятҳои рушд ва густариши давлати комунистӣ аст. Профессор "Бруди" устоди таълим ва тарбияти донишгоҳҳои Амрико, зиндагӣ хубро ҳадафи асосии таълим ва тарбият медонад. Ӯ ҷанбаҳои шахсии зиндагии хубро дар мавориди зер муъаррифӣ мекунад:
1‑ Бархурдорӣ аз саломати бадан. 2‑ Бархурдорӣ аз амнияти отифӣ. 3‑ Эҳсоси қудрат ва эҳтиром. 4‑ Умед нисбат ба оянда.
Ва дар буъди иҷтимоӣ, ҳадаф тарбияти шаҳрванди шойстааст он ҳам барои дохили марзҳо.
Вилём Ҷимз файласуфи Амрикоӣ таваҷҷӯҳи инсон ба «худ густардатар»-ро дар фароянди тарбият лиҳоз кардааст. Нависандаи китоби "Фалсафаҳои тарбиятӣ" мегӯяд: «Тарбият башарро мутаваҷҷеҳи халоқиятҳои худ мекунад ҳамон чизе, ки Вилём Ҷимз онро "худ густардатар" номидааст.»
Дар бархе макотиби тарбиятӣ аз «худ огоҳӣ», «худ шиносӣ» ва «ахлоқ» низ сухан ба миён омадааст. Масалан: Экзистенсиалистҳо ҳадафи таълим ва тарбиятро хидмат ба инсоният ва огоҳии инсон аз худ медонанд. Ба назари онон тарбият бояд ба инсон дар пайдо кардани огоҳии лозим ва дуруст аз хеш ёрӣ расонад. Дар ин мактаб рушд ва густариши огоҳӣ, фароҳам овардани фурсат барои интихоби озодӣ ва ахлоқӣ, ташвиқ ба худшиносии рушд ва такомул, эҳсоси масъулияти шахсӣ ё масъул бор овардани шахс, аз муҳимтарин аҳдофи тарбият ба шумор меравад.
Ҳарчанд масъалаи худогоҳӣ, худшиносӣ, рушд ва интихоби озодӣ ва ахлоқӣ, ки дар ин дидгоҳ унвон шуда, дар асл бо аҳдофи динӣ зид нест, балки ҳамсӯи он аст, аммо тамоми сухан ва марзи фосили миёни тарбияти динӣ ва ғайри динӣ дар ташхиси «худ»‑и инсон ва чӣ гунагии шинохти инсон ва таъйини маҳдудаи озодӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ аст, ки агар мабонӣ ва усули пазируфташудаи динӣ мавриди тардид ё инкор бошад, бозӣ бо вожаҳо ҳеҷ мушкилеро ҳал нахоҳад кард. Бинобар ин аҳдофи ёдшударо бо таваҷҷӯҳ ба мабонӣ ва мактаб бояд мавриди мутолиа қарор дод на мутлақ ва номушаххас. Масалан Экзистенсиалисм, ки қоил ба асолати инсон ва мабдаияти ӯ барои халқи ҳамаи арзишҳост, бо нодида гирифтани «мабдаи ҳастӣ», ки асли асоси ҳамаи арзишҳост ва инкори пешинаи фитрии инсонӣ барои ӯ даъвои рушд ва камол ва ахлоқ, иддаоест номафҳум ва пояи илмӣ ва фалсафӣ надорад.
Барои касоне, ки ҷаҳонро зоҳирӣ тасаввур мекунанд ва ҳаёт ва офаринишро дорои тарҳ ва нақшаи мушаххас ва маъқуле намедонанд, сухан гуфтан аз аҳдофи инсонӣ, роҳе ба сӯи ҳақиқат намебарад, зеро ҳар гоҳ тамоми мақсади ҳаёт дар таҳаққуқи ормонҳои зиндагии мавҷуд хулоса гардад, аҳдофи таълим ва тарбият низ аз он фаротар нахоҳад рафт.
Дидгоҳҳо дар аҳдофи таълим ва тарбияти ҷадид аз ин қабил аст, ки намунаи онро дидем ва ановине аз қабили зиндагии хуб, саломати бадан, амнияти отифӣ ва рушди ақл дар тарбият лиҳоз шудааст ва аз он чи унсури асосии тарбияти инсон аст; яъне унсури маънавият ва имон ба мабдаъ, фазоил ва камолоти инсонӣ камтар асаре мушоҳида мешавад, ки сустӣ ва ғайри воқеӣ будани ин тафаккур пушида нест ва муҳаққиқони ғарбӣ низ каму беш ба он эътироф доранд. Доктор Корел мегӯяд: «Таълим ва тарбияти имрӯз бо таваҷҷӯҳ ба парвариши ифротии қувои ақлонӣ, таолии равониро мутаваққиф кардааст.» Фредрик Мойр менависад: «Инфикоки арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ аз фароянди тарбиятӣ мумкин нест. Бо ин ҳол бештари вақтҳо ба ин арзишҳо бо кӯтаҳбинӣ менигаранд.» Бадеҳист, ки таъолии равонӣ ва арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ ба мафҳуме, ки дин матраҳ мекунад аз қаламрави дониши тарбиятии ҷадид хориҷ аст. Албата дар бархе дидгоҳҳои ҷадид гоҳ аз Худо, имон, дин ва ҳадаф будани маънавиёт сухан ба миён меояд. Масалан Тулстви мегӯяд: «Хубӣ, олитарин мақсади ҷовиди ҳаёти мост. Муҳим нест, ки хубиро аз чи роҳе бифаҳмем, он чи бояд гуфт ин аст, ки ҳаёти мо ҷуз кушиш барои расидан ба хубӣ; яъне сайр ба сӯи Худованд, чизи дигаре нест. Дар воқеъ хубӣ як мафҳуми аслӣ ва асосист, ки ҷавҳари вуҷуди моро барои он сӯи табиат ва олами ғайри модӣ ташкил медиҳад, ки ба иродаи ақл қобили таъриф нест.»
Ба назари Ҳерборт, файласуфи олмонӣ, ҳадафи ниҳоӣ аз омӯзиш ва парвариш, бояд тарбияти ахлоқ, сохтани хислат ва сиришти кӯдак бошад, то дорои дин ва имон гардад.
Ба назари «Идеалистҳо» , ҳадафи омӯзиш ва парвариш таҳаққуқи зот аст ва ҳар навъ тарбияте бояд бар дин, ахлоқ, маънавиёт ва зебоӣ мубтанӣ бошад.
Кулиёти он чи дар ин дидгоҳҳо омадааст мавриди баҳс ва муноқиша нест, он чи муҳим аст баҳс аз мабонӣ, усул, масоил ва аҳдофи тарбиятӣ аст ва ин ки кадом дин ва мактаб ва бо кадом усул ва мабонӣ ва равиш ва барномаҳо таҳаққуқбахши ормони инсон ва саодатӣ воқеии ӯст ва барнома ва тарҳи амали тарбиятро чӣ касе бояд таъйн кунад ва чунон ки хоҳем дид, инҳо ба шакли воқеъбинона, ҷуз аз тариқи тарбияти саҳеҳи динӣ, ки таҳаққуқи комили он дар мактаби тарбиятии ислом аст, қобили дастрасӣ нест. Ба илова он ки, маънавият низ қобили тафсирҳои мутафовит аст, масалан Фредрик майр мегӯяд: «Маънавияти ҳақиқӣ он аст, ки одамӣ рӯҳи ҷуяндагӣ дошта бошад ва худро ба болотарин мазоҳири фарҳанг биёрояд.»