IZDIVAJ

Пайғамбари гиромии Ислом(с) дар хонаи Абутолиб ва таҳти кафолати он бузургвор ба синни бистучорсолагӣ расида буд. Абутолиб монанди ҳар падари меҳрубоне, ки нигарони ояндаи фарзандаш бошад, нигарони ояндаи Пайғамбари Ислом(с) буд.

Дар шаҳри Макка коре ҷуз тиҷорат барои ҷавонон набуд ва обу ҳавои хубе ҳам надошт, ки кишоварзӣ бикунанд. Мардуми ин шаҳр ҳамагӣ тоҷир буданд ва аз роҳи касбу кор даромад доштанд. Вале Абутолиб сарвате надошт, ки аз моли худ, сармояеро дар ихтиёри Паёмбар Ислом(с) қарор диҳад. Бинобар ин ба он ҳазрат пешниҳод кард, ки аз Хадиҷа- зани сарватманди Макка- миқдоре пул қарз бигирад ва монанди дигар афрод тиҷорат кунад. Пайғамбари Ислом(с) пешниҳоди амакаш Абутолибро қабул кард. Вале ҳангоме ки Абутолиб инро ба Хадиҷа гуфт, вай пешниҳоди сарпарастии корвони тиҷоратии худро ба вай дод ва ӯ низ пазируфт. Ба ин тартиб Пайғамбари Ислом(с) аввалин ва охирин сафари тиҷоратии худро ба намояндагӣ аз ҷониби Хадиҷа анҷом дод.

Ибни Ҳишом менависад: Замоне, ки амонат, шуҷоат ва бузургвории Паёмбар(с) дар Макка машҳур шуд, Хадиҷа худ сарпарастии корвонашро ба Паёмбар(с) пешниҳод дод, ба шарти ин ки фоидаи бештар аз ҳамаи тоҷирони дигар дар ихтиёри ӯ қарор диҳад.

Расули Худо(с) озими сафари тиҷоратӣ барои Хадиҷа гардид. Ҳангоме, ки мехостанд ҳаракат кунанд Хадиҷа ғуломи худ Майсараро ҳамроҳи он ҳазрат равона кард. Ба ӯ дастур дод ҳамаҷо аз Муҳаммад(с) фармонбардорӣ кунад. Ҳангоме ки корвон ба наздикии Шом ё ҳамон шаҳри Бусро расид, аз канори калисо гузашт ва дар зери дарахте, ки дар он наздикӣ буд поин омада ва нишаст. Роҳиби ин калисо Настуро ном дошт ва бо Майсара, ки қаблан ба ин сафар мерафт, ошноӣ пайдо карда буд. Настуро аз болои калисои худ тиккаи абреро мушоҳида карда буд, ки болои сари корвон соя андохта ва ҳамчунон пеш рафт то болои сари он ҳазрат, ки дар зери он дарахт дароз кашида буд истод.

Майсара, ки ба дастури бонуи худ ҳама ҷо ҳамроҳи Расули Худо(с) буд ва аз он ҳазрат ҷудо намешуд, ногаҳон садои Настуроро шунид, ки ӯро ба ном садо мезанад! Майсара баргашт. Настуро гуфт: Он марде, ки зери дарахт дароз кашидааст кист? Майсара гуфт: Марде аз Қурайш ва аз аҳли Макка. Настуро ба Майсара гуфт: Ба Худо қасам зери ин дарахт ҷуз Пайғамбар фуруд наёяд ва сипас таъкиди он ҳазратро ба Майсара ва корвониён кард, ки муроқиби он ҳазрат бошанд ва аз нубуввати он ҳазрат хабар дод.

Кори хариду фурӯш ба поён расид. Корвон дар ҳоли баргашт ба Макка буд. Майсара дар роҳ, ки ба сӯи Макка меомаданд ҳисоб кард ва дид, ки фоидаи зиёде дар ин сафар ба даст овардаанд. Ба назди Расули Худо(с) омада гуфт: Мо солҳост, ки барои Хадиҷа тиҷорат мекунем ва дар ҳеҷ сафаре ин андоза фоида набурдаем. Корвон ба Макка омад ва ҳамаи ҳамроҳон аз садоқату маънавияти он ҳазрат таъриф мекарданд. Бо ин хабаре, ки корвониён ба Хадиҷа доданд, ӯ бештар аз ҳама муштоқи дидори Паёмбар(с) шуд. Назди он ҳазрат рафт ва ба ӯ гуфт: Писарамак, ман ба хотири хешовандӣ бо ту, шарофати хонаводагӣ, амонат, ҳусни хулқ ва ростгӯии ту, алоқаманд ба издивоҷ бо ту ҳастам. Пайғамбари Ислом(с) ин хабарро бо амакҳои худ дар миён гузошт. Амакаш Ҳамза ибни Абдулмутталиб ҳамроҳи Паёмбар(с) вориди хонаи Хадиҷа шуданд ва аз амаки ӯ барои Паёмбар(с) Хадиҷаро хостгорӣ карданд. Ӯ низ Хадиҷаро ба издивоҷи Паёмбар(с) даровард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст