Шояд ҳануз ҳам бисёре аз падарон ва модарон он чунон ки бояд фарзандони худро нашинохта бошанд ва ба амри парвариш ва тарбияти онҳо таваҷҷӯҳи кофӣ накунанд, зеро
ин рӯшан аст, ки то инсон ба кунҳ ва ҳақиқати чизе пай набарад ва онро чунон ки ҳаст ва бояд нашносад ба арзиш ва аҳамияяти он воқиф намешавад; ҳамчунон ки ҳазроти Алӣ(к) фармуд:
[النَّاسُ أَعْدَاءٌ لِمَا جَهِلُوا]
Мардум душмани надонистаҳои худ ҳастанд
Аз ин рӯ мумкин аст падарон ва модароне низ ба далели нашнохтани рӯҳия ва шахсияти фарзандони худ ва саҳлингорӣ дар тарбияташон, онҳоро душмани худ тасаввур кунанд.
Ба ҳамин хотир зарурӣ менамояд, ки бо истифода аз Қуръон ва ривоёт, ҷойгоҳ ва манзалати фарзандонамонро бишносем, то нисбат ба вазоифи худамон дар баробари онҳон бетаваҷҷӯҳ набошем, балки гавҳаршинос бошем ва ба кӯдакон ин гавҳарҳои нафиси зиндагӣ, ишқ биварзем.
Қуръони Маҷид дар бархе оёт аз фарзандон бо унвонҳое ҳамчун: "нури чашм" , "зиннатбахши зиндагӣ" , ва "фитна ва василаи озмоиши башар" ёд кардааст.
Фарзандон, мунис ва умеди волидайн ҳастанд. Шояд ба ин далел аст, ки ҳазрати Закариё(а) яке аз паёмбарони Худованд дархости фарзанде мекунад, то ӯро аз танҳоӣ берун оварад. Қуръони Маҷид мефармояд:
“وَ زَكَرِيَّا إِذْ نَادَى رَبَّهُ رَبِّ لَا تَذَرْنىِ فَرْدًا وَ أَنتَ خَيرُ الْوَارِثِين”
"Ва (ёд кун) Закариёро ҳангоме, ки Парвардигорашро нидо дод: Парвардигоро! Маро танҳо магузор (ва фарзанде ба ман ато кун!) ва ту беҳтарин ворисонӣ."
Ва аз забони пешвоёни мо ривоёти фаровоне дар ин замина нақл шудааст, ки ҳар як нишондиҳандаи ҷойгоҳ ва манзалати кӯдак дар зиндагӣ аст. Бисёр хуб аст, ки падарон ва модарон ин ривоётро дар назар бигиранд ва аз назар бигузаронанд ва бо огоҳии бештар дар тарбияти кӯдакон ин неъматҳои бузурги Илоҳӣ ва меваҳои зиндагӣ, кушиш ва талоши бештаре варзанд: