Яке аз эродҳо ва шубаҳоте, ки мухолифини Ислом тарҳ намудаанд ин аст, ки мегӯянд: Ҳиҷоб монеи фаолияти занон дар ҷомеа мешавад”.

Барои посух ба ин шубҳа ду нуктаро зикр менамоем:

1) Ҳиҷоби исломӣ барои ин нест, ки занро дар хона маҳбус кард ва ҷулуи фаолияти ононро дар ҷомеа гирифт ва монеъ аз рафтан онон ба берун аз хона шавад. Балки ҳиҷоби исломӣ барои ин аст, ки зан вақте ки мехоҳад аз хона берун равад ва вориди ҷомеа шавад ва аҳёнан фаъолиятҳое анҷом диҳад, ки онҷо ҳиҷоб лозим аст.

Ислом ҳиҷобро барои хона лозим намедонад (чун дар хона номаҳраме вуҷуд надорад ва агар номаҳраме буд, бояд ҳиҷоби исломиро риоят кунад) бинобарин занон метавонанд бо риояти ин ҳиҷоб ва пушиш, дар муҳити пок ва солим дарс бихонанд, фаъолиятҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта бошанд. Хаётӣ(дузандагӣ), оройишгарӣ, қолибофӣ, таълиму тааллум, тарбияти кӯдакон дар яслӣ ва ятимхона ва... аз корҳое аст, ки занон бо он сарукор дошта ва Ислом ҳам аз он пешгири накардааст.

Илова бар ин, хонадорӣ, шавҳардорӣ ва бачадорӣ, муҳимтарин кори занон ба шумор меравад, ки ин худ аз фаолиятҳои иҷтимоии занон мебошад. Албатта ин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки манзур аз ҳиҷоб ва пӯшиши исломӣ ин аст, ки зан лаззатҳои худро ба беруни хона набарад, на инки дар берун аз хона кор накунад.

Мабнои ҳиҷоб дар Ислом ин аст, ки лаззатҳои ҷинсӣ бояд ба муҳити хонаводагӣ ва ба ҳамсари машрӯъ ихтисос ёбад ва муҳити ҷомеа холис барои кор ва фаолият бошад. Ба ҳамин ҷиҳат ислом ба зан иҷоза намедиҳад, ки вақте аз хона берун меравад заминаи таҳрики мардонро фароҳам кунад ва ба мард ҳам иҷоза намедиҳад, ки чашмчаронӣ кунад. Чунин ҳиҷобе на танҳо нерӯи кори занро фалаҷ намекунад, балки сабаби тақвияти нерӯи кори ҷомеа низ мебошад.1

Донишманди ҳаким Ҷаводии Омулӣ фармудаанд: Ислом занро дар сояи ҳиҷоб ва соири фазоил дар саҳна меоварад, то муаллими отифаю риққат, дармону лутф, сафову вафо ва монанди он шавад ва дунёи кунунӣ, ҳиҷобро аз зан гирифта, то зан ба унвони бозича ба бозор биёяд ва ғаризаро таъмин кунад. Зан вақте ба унвони срмояи ғариза ва шаҳват ба ҷомеа омад, дигар муаллими отифа нест, фақат фармони шаҳватро ба ҷомеа меоварад, на дастури гузашт.2

Ҳар ақли солиме метаванад ташхис диҳад, ки агар зан содда ва сангин ва бо ҳиҷоби исломӣ ба дунболи кор зуд биравад, барои ҷомеа беҳтар аз он аст, ки барои як берун рафтан чанд соат назди ойна вақти худро талаф кунад ва замоне ки берун рафт тамоми саъяш ин бошад, ки афкори мардонро мутаваҷҷеҳи худ созад ва ҷавононро, ки бояд мазҳари ирода ва фаъолият ва тасмими ҷомеа бошанд, ба афроди ҳавасбоз ва чашмчарон ва беирода табдил кунад.

2) Агар манзур аз монеъ будани ҳиҷоб барои фаъолияти занон ин аст, ки анҷом додани коре барояшон сахт ва душвор аст ва ин ҳиҷоб боиси озор ва азияти онон дар ҳангоми кор шудааст, бояд дар ҷавоб гуфт, ки:

Аввалан, Худованд мефармояд:

“Эй пёмбар! Ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони мӯьминон бигӯ: Аз пӯшишҳои баландашон (монанди чодар) ба худашон наздик кунанд, ин кор барои ин ки шнохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд, наздиктар аст ва Худо бисёр омӯзандаи меҳрварз аст”.3

Аз ин оят маълум мешавад, ин ки занони беҳиҷобнд, ки мавриди озору азият қарор мегиранд ва касоне, ки ҳиҷоб бар тан мекунанд дар фаъолиятҳо ва рафту омадҳои худ нисбат ба касоне, ки беҳиҷобанд озодтар ва роҳаттаранд, чун мардони ҳавасбоз ва чашмчарон дунболи инҳо нестанд, аз тарафи ғайрати рафтан ба тарафи онҳоро надоранд ва ҷуръати нигоҳ кардан ба онҳоро ҳам надоранд ва аз тарафи дигар итминон доранд, ки инҳо(занони ҳиҷобдор) тӯъма ва бозичаи онон намешаванд.

Сониян, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки бештари чизҳое, ки башар мавриди истифода қарор медиҳад бидуни заҳмат ва душворӣ нест, вале барои манофеи азиме, ки дорад он заҳматро таҳаммул мекунад. Ва ҳиҷоб ҳам, ки яке аз дастуроти Худованд аст ва асли он барои саломат ва рушди инсони ва пешрафти ҷомеа муфид мебошад, бояд сахтиҳои онро ҳам таҳаммул кард. Ва агар зане ҳиҷобро ба унвони дастури Худо бикунад, на ба унвони дастури падар ё шавҳар, на сахтӣ барояш ҳосил мешавад ва на мушкилоти дигар, балки ҳамаи мушкилот барояш ҳал хоҳад шуд ва Худованд ҳам ба корҳои ӯ нозир ва носир хоҳад буд, ки худ гуфта:

“Ва ҳар кас (худаш)-ро аз (азоби) Худо ҳифз кунад, барояш маҳалли хориҷ шудан(аз мушкилот) қарор медиҳем”.4

Дар воқеъ занони зиёдеро мебинем боҳиҷоб машғули кор ва фаъолият мебошанд, бидуни ин ки музоҳимат ва нороҳатие барояшон эҷод кунад.

Баъзеҳо низ эроди дигаре барои ҳиҷоб мегиранд ва мегӯянд: Дил бояд пок бошад, чун занони бисёре ҳастанд, ки дар миёни ҳиҷоб ва сатр худро печидаанд, вале бадкора ҳастанд.

Ҷавоби онҳо ин аст, ки бале, баъзе аз занон, ки пӯшиши исломӣ надоранд, аз ҷиҳати номусӣ покдоман мебошанд ва бар акс баъзе занон бо ин ки ҳиҷоб доранд нопок мебошанд. Аммо ин далел бар ҷавози беҳиҷобӣ намебошад. Ҳамон занони покдоман агар пӯшиши исломӣ надошта бошанд, нақши муассире дар фасоди ҷомеа доранд. Агар чи худро пок нигоҳ медоранд, вале чашми ҷавононро, ки наметавонанд пок нигоҳ доранд! Бинобар ин бояд барои покии ҷомеа низ кӯшо бошанд.

Дар мавриди ин ки баъзе занон боҳиҷоб ҳастанд, аммо нопок ва олудаанд, бояд гуфт, ки ин занон дар ҳақиқат нопоканд ва ҳиҷобро василаи сарпӯши гуноҳи худ қарор додаанд, ки бояд гуфт инҳо дуздони иффат ном доранд, ки ин ҳиҷобро барои беиффатӣ дуздидаанд. Ва набояд масъалаи ононро бо нақши пӯшиши исломӣ дар ҳифзи иффат ва ахлоқ якҷоя кард.


Эй зан ба ту аз Фотима ингуна хитоб аст

Арзандатарин зиннати зан ҳифзи ҳиҷоб аст

Фармони Худо қавли Расул насси китоб аст

Аз баҳри занон афзали тоот ҳиҷоб аст

Таҳияи Руҳуллоҳи Қаландар

 



Тоҷикон

[1] - Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Масъалаи ҳиҷоб, саҳ.97.

[2] - Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Зан дар оинаи ҷалол ва ҷамол, саҳ.372.

[3] - «يا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْواجِكَ وَ بَناتِكَ وَ نِساءِ الْمُؤْمِنينَ يُدْنينَ عَلَيْهِنَّ مِنْ جَلاَبِيبِهِنَّ ذلِكَ أَدْنى‏ أَنْ يُعْرَفْنَ فَلا يُؤْذَيْنَ وَ كانَ اللَّهُ غَفُوراً رَحيماً» Сураи Аҳзоб, ояти 59.

[4] - «وَ مَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجا» Сураи Талоқ, ояти 2.

 


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст