Пеш аз вуруд ба асли мавзӯъ, лозим аст ҳиҷоби занро аз лиҳози таърих мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳем. Дар бештари миллатҳо ва оинҳои ҷаҳон ҳиҷоб дар байни занон маъмул ҳатто лозими будааст, ҳарчанд дар тули таърих, фарозу нишебҳои зиёдеро паймуда ва гоҳо бо эъмоли салиқаи ҳокимон, сахтӣ ё сустӣ ёфтааст, вале ҳеҷ гоҳ ба таври комил аз байн нарафтааст. Аммо мухолифони ҳиҷоб ҳеҷ яке аз онҳо боқи намондааст ва намемонанд, ин суннат, суннати Илоҳӣ аст.
Ончи аз таърихи ҳиҷоб истифода мешавад ин аст, ки дар Юнон, Рум, Миср ва Эрони Бостон занон, ба хусус занони шаҳрнишин ва занони табақаи ашроф худро мепӯшониданд ва аз назарҳо дур медоштанд. Зан дар Юнон, ҳангоме ки аз хона берун мерафт, бадан ва рӯи худро мепӯшонид. Занони Ошурӣ (Эрони қадим) навъан ба ҳиҷоб ва пушонидани бадан ва сару сурат одат доштанд. Дар Руми Шарқӣ ҳиҷоб бо шиддати ҳарчи тамомтар ривоҷ дошт. Дар миёни масеҳиён ва аврупоиён, ҳиҷоб маъмул буда ва ин одат, то қарни сездаҳум хеле ривоҷ дошт ва аз ин таърих ба баъд, бо фишор ва мухолифатҳои он замона камраг ва беарзиш гардонида шуд. Аммо дар Руcсия, то ҳангоми салтанати Пётри Кабир ҳиҷоб маъмул буд ва дар асари талош ва мухолифат ва мудохилаи вай бардошта шуд ва аз тарафе маълум мегардад, ки ҳиҷоби қабл аз дини мубини Ислом нисбати ончи дар қонуни Ислом омадааст, сахттар будааст. Гарчи ба назари баъзе аз таърихнависон дар ҷоҳилияти араб ҳиҷоби комил вуҷуд надошта ва ба василаи Ислом дар байни занони Араб падид омадааст. Пас ин дини Ислом буд, ки ба миллати Араб иззат ва кароматро бо ин пушиш яъне ҳиҷоб ҳадя дод ва ба онҳо арзиши хоссе бахшид.