Суннати Паёмбар(с) - издивоҷи ба мавқеъ
Паёмбари Аъзам(с) фармуданд: Никоҳ суннати ман аст. Албатта ин суннати офариниш аст дар миёни ҳамаи инсонҳо аст. Пас чаро ингуна фармуданд? Чӣ хусусияте вуҷуд дорад? Ба хотири аҳамияти ин масъала ва таъсири амиқи ташкили хонавода дар тарбияти инсон, дар рушди фазоил, дар сохту сози инсони солим аз лиҳози отифӣ, рафторӣ, руҳӣ ва тарбиятҳои баъдӣ. Шумо мулоҳиза мекунед, ки ин таъкиде, ки Ислом барои издивоҷ кардааст дар ин макотиб ва фалсафаҳои роиҷи иҷтимоӣ ва сиёсатҳои маъмулии дунё, вуҷуд надорад. Ислом мудовимат ва исрор дорад, ки писару духтар дар ҳамон синне, ки барои издивоҷ омодаанд издивоҷ намоянд.
Никоҳ илова бар як тақозои табиӣ, як суннати динӣ ва исломӣ низ ҳаст. Бино бар ин хеле осон аст, ки касе аз тариқи ин иқдом ва амале, ки табиат ва ниёзаш онро металабад, савоб ҳам бибарад, чун суннат аст ва ба қасди адои суннати Паёмбар(с) ва итоати амри эшон ба ин кор иқдом намояд.
Издивоҷ дар ҳоли шуру шавқ
Паёмбари Акрам(с) таъкид ва исрор доштанд, ки ҷавонҳо - чи духтарҳо ва чи писарҳо - зуд издивоҷ кунанд. Албатта бо майлу ихтиёри худашон, на ин ки дигарон барояшон тасмим бигиранд. Мо ҳам бояд дар ҷомеаи худамон инро ривоҷ диҳем. Ҷавонҳо дар синни муносиб, вақте аз даврони ҷавонӣ хориҷ нашудаанд, дар ҳамон ҳоли гарму шуру шавқ, бояд издивоҷ кунанд. Ин бар хилофи бардошт ва талақии хеле аз афрод аст, ки хаёл мекунанд издивоҷҳои даврони ҷавонӣ, издивоҷҳои зудрас аст ва мондагор нест. Дуруст баръакс аст. Ин тавр нест. Агар дуруст сурат бигирад, издивоҷҳои мондагор ва хуб ҳам хоҳад буд ва зану шавҳар дар чунин хонаводае комилан бо ҳам самимӣ хоҳанд буд.
Издивоҷ дар оғози эҳсоси ниёз
Ислом таъкид ва исрор дорад, ки ин пайванд дар замони худ, ҳарчи зудтар, аз ҳамон оғози эҳсоси ниёз анҷом гирад. Ин ҳам аз хусусиёти дини Ислом аст. Ҳарчи зудтар анҷом шавад беҳтар аст. Зуд, ки мегӯем, яъне аз ҳамон вақте, ки духтару писар ба доштани ҳамсар эҳсоси ниёз мекунанд. Ҳарчи ин кор зудтар анҷом бигирад, беҳтар аст. Иллаташ чист? Иллат ин аст, ки баракот ва хайроте, ки дар амри издивоҷ вуҷуд дорад дар вақти худ ва пеш аз ин ки замон бигзарад ва умр талаф шавад, барои инсон ҳосил мешавад ва пеши туғёнҳои ҷинсиро мегирад. Лизо мефармояд:
"مَن تَزَوَّجَ اَحرَزَ نِصفَ دِینِه"
Аз ин ривоят маълум мешавад, ки нисфи таҳдиде, ки инсон дар бораи дини худ мебинад аз тарафи туғёнҳои ҷинсӣ аст, ки хеле рақами болое аст.
Фоидаи издивоҷ
Фурсати издивоҷ ва ором гирифтан дар маҷмӯаи хонавода, яке аз фурсатҳои муҳимми зиндагӣ аст. Барои зану мард – ҳарду – ин як василаи оромиш ва осоиши руҳӣ ва дилгарм шудан ба идомаи фаъолияти зиндагӣ аст. Василаи тасалло ва пайдо кардани як ғамхори наздик, ки барои инсон дар тули зиндагӣ лозим аст. Қатъи назар аз ниёзҳои табии инсон, ки ниёзҳои ғаризӣ ва ҷинсӣ мебошад, масъалаи таваллуди насл ва доштани фарзанд ҳам худ аз дилхушиҳои бузурги зиндагӣ аст.
Пас мебинед, ки ҳарду тараф, ки инсон нигоҳ мекунад, издивоҷ як амри муборак ва як падидаи бисёр муфид аст.